Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

рост меистод ва чӣ гуфтанашро, ҳатто аз чӣ шарм карданашро ҳам намедонист. Ва муаллима ҳам аз ҳоли ӯ пай бурда баъд бо панҷаҳои нармаш мӯйсари давидаашро даст заду гуфт.
— Хайр чӣ, акнун калон мешавӣ... Ва тоқат накарда дар ҳолати нимшӯхӣ гуфт: — Ба ҳар ҳол мӯйсаратро тарошидан лозим... чун Ялқоп... гаштани ту хуб нест-ку.
— Ташаккур — гуфт ӯ оромона ва аз он тарсид, ки мабод боз ягон шӯхии дигар накунад, гашту рафт. Ҳатто давид...

Вақт кам буд, аммо номаеро ки падараш мехост «дарозу рушан» навиштан лозим буд. Ҳайрият, ки имрӯз вазифаи хонагӣ ҳам камтар. Аммо ба ғайри ин Илхон ҳам, бо кунчковяш, метавонист, ки ӯро халал расонад. Ва дар бораи падарандараш ҳам, агар ӯ дар хона бошад чизе навишта наметавонист. Ӯ дохили ҳавлӣ шуду ҳамоно модарашро дид. Модараш алови оташдонро мегиронд ва рангу рӯяш чунон бечора менамуд, ки гӯё азодор буд. Пӯлод дар худ нерӯи нав гирифта пеши модараш омаду нигоҳи кӯдаконае кард, ки лабони ӯ аз хушҳолӣ моили табассум мешуданд.
— Ҳеҷ гап не, оча...
— Бале, бачам — оҳе кашида ҷавоб дод модараш. — Ҷои ранҷиш нест. Пеши Илхон рав, бо ҳам нони чоштро хӯред...
Онҳо бо ҳам нишаста вазифаи хонагиро иҷро карданд. Илхон ба ҷои он ки худаш фикр кунад, зиёдтар рӯбардор мекард. Дар ҳамин асно падарандараш ҳам расида омад.
— Маълум мешавад, ки пеши ту омада буд — шунида шуд аз кӯча.
— Ҳаргиз ӯ пеши ман наомада буд...
— Омада буд ё не? Чаро дурӯғ мегӯӣ?
— Пеши Пӯлод омада буд... пеш аз бистарӣ шуданаш. Хост ӯро бубинад. Аммо ман ба ин роҳ надодам.
— Ҳоло ҳамин тур гӯед... Пас, маълум мешавад, ки онҳо якдигарро диданд?
— Не, гуфтам-ку: ман ба ин роҳ намедиҳам.
— Хайр чӣ... — гуфт Ялқоп ва хомӯш монд. — Ту аз ман хубтар фикр кардаӣ. Аммо ӯро хотиррасон кун, ки агар бори дигар қадамашро ба ин ҷо монаду пайдо шавад... ман адабашро нишон ме...

пешина
аз 328
навбатӣ