Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ батакрор чизе мегуфт, ки гӯшҳои Пӯлод оташ гирифтанд; модараш хомӯш монда буд. Шунидани чунин гапҳои пасту баланд барои Пӯлод ниҳоят таҳқиромез буд ва ӯ аз ин хомӯшии модараш сахт ранҷид... аммо чӣ бояд кард? Барояду ба ин «мӯйсардор» гӯяд, ки дигар бо ӯ дар ин хонаи пур аз бадбахтиву «ҷевондор» зиндагӣ кардан намехоҳад? Гӯяд ки ӯ, яъне Пӯлод, падар дораду барои як бурда нон ҳаргиз танбеҳаш нахоҳад дод ва агар хатоеро бибинад, каме сарзаниш мекунаду зуд мебахшад? Аммо, чӣ бояд кард, ба ин қудраташ намерасид. Ӯ суханони Холбикаро ба ёд овард, ки гуфта буд: аз ту дида ба модарат мушкилтар аст... мушкилтар. Ба ҷои ин ранҷу ғазаб дили ӯро як оромӣ фаро гирифт: бигзор... Бигзор «пеш кардану» «надиданҳо» ба худаш монад. Ӯ барои падараш нома менависаду то шаҳр ба аёдаташ ба ин беморхонаи ношинос меравад. Баъд ӯ бо муаллимааш падару модарро розӣ кунонда ба Гочук мераванд. Ва баъд ин шутури мӯйсардор бигзор, ки аз ғазабаш деворҳои хонаашро газад. Бигзор пӯстдуздиро ба Илхонаш ҳам омӯзаду ҳаргиз дар шодиву ғам бо ҳамсояҳояш шарик набошад. Илхон, дар ҳақиқат афсӯс: ӯ бечора худаш ҳам падарашро чашми дидан надорад: Не, бахти Пӯлод ҳанӯз ҳам омад кардааст: ҳарчанд, ки падар аз бараш дур ҳам бошад, аммо падари ҳақиқӣ дорад...

Садои падарандараш дигар аз ҳавлӣ шунида намешуд — шояд боз ба куҷое баромада рафт. Пӯлод оҳиста аз миёни як дафтари бародархондаш ду варақи тозаро канда, пораи қалами фарсудаашро ҳам гирифту номаълумак ба ҳавлӣ баромад. Модараш маълум, ки ба ганҷурхона даромада буд ва ӯ ин лаҳза инакдро аз даст надода бо роҳи каҷмакаҷи поймолшуда то лаби ҷӯ омад. Чон дӯстдоштааш, рӯи сабзазори лаби ҷӯй нишаст. Дигар дар ин ҷо ӯро на аз деҳаву на аз роҳ, касе дида наметавонист.

Болои сабзаҳо ба шикам зада як порча санги ҳамворро зери варакаш гузошта ба андешаҳои ширин фурӯ рафт.

Чунин баромад, ки ӯ ҳаргиз нома нанавишта буд, ба ҷуз он номаҳои сегӯша, ки ба он ҷо чанд вожаеро аз забони модараш барои ҷанг менавишт. Ва аз ҳамин рӯ ҳам андаке хиҷил буд, ки шояд номааш чунон ки дилакаш мехост, намебарояд. Дарҳол номаҳо, ҷавобҳои модарашро ба ёд оварду ба навиштан шурӯъ кард:

пешина
аз 328
навбатӣ