Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан- Пӯлоди сахт ранҷида дигар бо ӯ наздик ҳам нашуд, чӣ, падари ӯ латтапора будааст? Марди ҷангидаву маъюб, соҳиби унвонову муҳофизатгари ҳамаи мо, озодкунандаи се кишвар - латтапора будааст? Ва ҳамин Ялкопе, ки тамоми тӯли ҷанг дар деҳа менишаст, мебарояд, ки мард будааст?.. Не, Пӯлод ба ин ҳама тоб оварда наметавонист. Ӯ бо ғазаб пӯстҳоро мепартофту бо як ҳисси бадбинонае ба пои падарандараш, ки то остонаи дар расида буд нигоҳе кард. - Мардасро ёфтааст... Бесаброна мехост, ки аз ҷояш бархоста болои ин пӯстҳои бӯйноқ барояду ба сари ӯ дод занад: тарсу!..
Аммо боз аввалин касе ки пеши роҳи ӯро хоҳад гирифт, модараш буд ки мегуфт: Ҳой бача, чӣ мекунӣ? Ӯ ҳатто дар Гочук ҳам ба падараш тамасхӯр зада ӯро меранчонд ва дар ҳамин ҷо ҳам аз лаҳзаҳои мувофиқ истифода мебурд, охир чаро, ӯро дӯст намедорад? Ӯ боз дар дилаш нисбати модар ҳисси бадбиниеро эҳсос кард: Ба ин шутурмург чӣ намерасида бошад? Ана, бигзор бо онҳо бимонад! Бигзор дар атрофи ӯ давр занад ва ба чашмони ӯ нигоҳ кунад... сагвор ҳама хоҳишашро ба ҷо ораду ӯ як хоҳиши вайро не! Кош як бор бо падарам дидор медидам... - Ку, ҳо ана он пӯстро ба ман деҳ! - фармуд падарандараш, - Онро не, кӯр, ҳо ана дигарашро, ки аз бари девор аст... Зуд бош! - Пӯст зери дигар пӯстҳо монда буд ва Пӯлод хост онро кашида барорад. Ялкоп бесаброна китф дарҳам кашид:
- Ту то кай он ҷоро мекобӣ? Ё ба пуштат тасма мехоҳӣ?!
Ба сари ӯ чунон гармие давид, ки ҳатто чашмонаш сиёҳ заданд. Пас қоматашро рост карду ба девор даст ниҳод. Дигар тоб наоварда лундаи пӯсторо бо пояш чунон зад, ки он боз ба зер даромад... - Маро? - гуфт ӯ бо овози гирифта ва сар фуровардан нахост. - Чаро?... - Пас чунон дод зад ки: чашми дидан надорам!..
Ялкоп даступо хӯрда бо диққат ба ӯ нигаристу баъд ба Норточ рӯй овард. Аммо ӯ дигар ором буда наметавонист... - Туро дидан намехоҳам, аблаҳ! Чалод!.. Бо шумо будан намехоҳам... истодан намехоҳам!
- Пӯлод, бачам... илтиҷо мекард модараш. - Ист...
- Ба ту чӣ шуд, сагбача... - гуфт оқибат падарандараш ва қадаме ҷониби ӯ ниҳода теппаи пӯстҳоро зери

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё