Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
I. ШАБЕҲАИ АБАДИЯТ
Мисри Қадим... Гаҳвораи тамаддуни башарӣ...
Тимсоли аҳрому саҷонаҳои беҳамто, маъбаду бутхонаҳои мӯҳташам, кӯшку қасрҳои бошукӯҳ, ҳайкалу пайкараҳои беамсол, санаму бутҳои кӯчаку бузург. Кишвари афсонавие, ки бо санъати бостониву нотакрормаш мардуми курраи арзро ба ҳайрат афкандааст. Ин сарзамини пурасрор қариб 5 ҳазор сол муқаддам он қадар шоҳкориҳои санъати нафиса ва мӯъҷизаҳои осори меъмориро ба дунё овард, ки то кунун ақли инсоният бо дасти бандаи хокӣ бунёд шудани онҳоро намепазирад.
Намои умумии аҳромҳои Миср.
Ҳар қадаре ба қаъри асрҳо ғӯтавар шавем, сарзамине пеши назари мо падид меояд, ки пойдевори онро панҷоҳ аср муқаддам дар соҳили дарёи муқаддаси Нил ниҳода, саҳифаҳои нахустини таърихи тамаддуни ҷаҳониро кушодаанд. Ҳайкалу муҷассамаҳои мӯҳташами сангин, катибаву деворнигораҳои пурасрори ҳайратангез, шабеҳаи худоёну фиръавнҳои аҳди қадим, тимсоли махлуқоти хаёливу асотирӣ гувоҳанд, ки замоне сарпанҷаи муқтадири инсон дар ин биёбони беҳосили Либия мӯъҷизаҳои беамсоли санъатро офаридааст. Вале дар миёни ҷумлаи ёдгориҳои аҳди бостон Аҳромҳои Мисри Қадим ягонаву беназиру нотакрор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё