Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Манзараи яке аз гӯшаҳои шаҳри Бобул.

Модҳо, ки аслан аз қавми ориёинажод буданд, кишварҳои бешуморро забт намуда, бо қаҳрамонию шуҷоати афсонавиашон шӯҳрат меёбанд ва қадам ба қадам ба шаҳри бузургу овозадори Ошур наздик меоянд. Ассурбанипал дар ҳолати ногувор монда, беҳтарин сарлашкари хеш Набопаласарро ба муҳорибаи зидди модиҳо сафарбар мекунад. Набопаласар дар канори шаҳри Ошур бо лашкари модиҳо рӯ ба рӯ шуда, ба ҷои ҷангидан майли сулҳу салоҳ мекунад ва худро шоҳи Бобул (ин кишвар дар зери итоати Ошур буд) эълон менамояд. Аз асари иттифоқи ғайричашмдошт кишвари бузурги Ошур ба хок яксон шуда, сарзамини он миёни ду давлати муқтадир - давлати Бобул ва Мод тақсим мешавад. Ба хотири пойдории сулҳ ва бақои умри ин ду давлати навхез писари шоҳи нави Бобул Набопаласар - шоҳзода Навухудоносор бо духтари шоҳи модиҳо Киаксар - маликабону Амухеан соли 614 то милод ақди никоҳ мебандад. Баъди тӯю сури бодабдаба ва анҷоми лашкаркашиҳо шоҳдухтари ориёинажод сӯи мулки Бобул роҳ мегирад.

Меҳри дидани Бобул бо кӯчаву хиёбонҳои мӯҳташам ва манораи афсонавиаш дар дили ин шоҳдухтар кайҳо нақш баста буд. Амухеан ҳанӯз кӯдак буд, ки ҳангоми зиёрати оташкадаи муқаддас шоҳиди нақли мӯбади хирадманду солдидае гардид.

пешина
аз 84
навбатӣ