Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён, сакоиҳо маълумоти нодире маҳфузанд, ки номгӯи пурра ва макони аниқи қаламрави ин мамоликро меорад. Мувофиқи ахбори «Видевдот» ориёиҳо пеш аз он ки дар Ориёно қарор гиранд, дар силсилаи «беҳтарин кишвар ва мамлакатҳои офаридаи Аҳрумаздо» иқомат варзидаанд. Душмани азалии ориёиҳо ҳомии нерӯҳои шарру бадӣ Ангро-Майню (Аҳриман) осоиши ин қабилаҳоро барҳам зада, онҳоро гирифтори нокомиҳо мекард. Ориёиҳо аз ғояти сармо ва хунукиҳои шадид водор мешаванд «Аирянам ваечаҳ»-и беамсолро тарк бикунанд, дар саргаҳи «Гава, макони суғдиён», «Моуруи (Марв) тавоною ва ростипараст», «Баҳдӣ (Бохтар) зебо бо дирафшҳои афрошта», «Нисайа, ки байни Моуру ва Баҳдӣ воқест», «Ҳарайва» (Ҳирот) ва кишварҳои дигар то мавзеи Ҳинд», «кишвари Гургониён ва Роғ (имоли шарқии Мод) паҳн шуда, тамоми ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрони Шимоли Шарқиро

Дарбори шоҳ Ассурбанипал.

бигиранд. Дар «Меҳр Яшт» (Яшти 10) омада, ки «сипаҳбадони мағлубнашавандаи онҳо корзорҳои беададе месохтаанд, кӯҳҳои баланди пурчарогоҳаш ба касони парастори чорпоён хизмат мекардаанд, кӯлҳои булӯринаш ба масоҳати бузург паҳн шуда, дарёҳои васеи пуробаш сӯи Ишқат ва Парут, Ҳироту Марв, Ғави Суғд ва Хоразм равон буданд».

пешина
аз 84
навбатӣ