Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Шом фаро расид ва дар бурҷҳои дидбонии ҳисор чароғҳо фурӯзон шуданд. Бешумор буданд чароғҳо ва маликабону Аму-хеан аз рӯи онҳо миқдори бурҷҳои дидбонии Бобулро донистан мехост. Чашм ба чароғу ситораҳои бешумори осмон рӯи тахти равон хобаш бурд ва субҳ худро дар бистари ҳарири ҳарами шоҳ дарёфт.

Манораи Бобул.

Шаҳр аз болои қасри баланду мунақкаши шоҳ басо зебо метофт. Чаҳор тарафи Бобулро то ҳудуди чашмрас се қабат девори баланду мустаҳкаме (баландиаш беш аз 30 м) иҳота мекард. Дар болои девори васеъ, ки аробаҳои ҷангии чаҳораспа бемалол меғунҷиданд, андар фосилаи тиррас бурҷҳои баланд ва чаҳоркӯнҷаи дидбонӣ устувор буданд. «Ҳамагӣ шашсад бурҷ аст,- шарҳ медод шоҳзодаи масти висол. - Ва аз чаҳор самти шаҳр ҳашт дарвозаи бузурги вазнини фулузӣ ба шаҳри Бобул роҳ мекушояд. Дарвозаи Иштар бузургтарини ин дарвозаҳост, ки аз он хиёбони марказии шаҳр - хиёбони Тантана сар шуда, шаҳрро ба ду ҳиссаи баробар тақсим мекунад. Дар рӯи дарвозаи Иштар тимсоли қариб панҷсад махлуқҳои афсонавию воқеӣ ва худоёну олиҳаҳои Бобул тасвир шудаанд».

Малика майли дидани мӯъҷизаи нотакрори Бобул - Манораи Этеменанки намуд, ки дар забони шумерӣ маънои «нардбони миёни

пешина
аз 84
навбатӣ