Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

замину осмон»-ро дошт. Ин манора чанд аср муқаддам бо сарварии меъмор Араддахеш бунёд шуда, аҳромҳои мураббаъасосу серзина ва бисёрқабатаро ба ёд меовард. Ҳар як тарафи асоси пойдевори баробарпаҳлу 91,5 м дарозӣ дошта, ғафсии деворҳои он ба 15 м мерасид. Ин манораи бузургу мӯҳташам аз ҳафт қабат иборат буда, дар иморати он мувофиқи шаҳодати муаррихон 85 миллион хишт сарф шудааст. Сатҳи берун ва даруни девораи манора бо хишти пухта ва масолеҳи мухталифи обногузар пардоз ёфта буд. Дар давродаври манора зинаҳои пеҷони нишебрӯ устувор буд, ки тавассути он ба ҳафт қабати рӯ ба рӯи манора мебаромаданд. Ба ақидаи Ҳеродот, ки худ ба зиёрати Манораи Этеменанки мушарраф гардидааст, дар нимаи роҳи зинаҳои пеҷон барои дамгирӣ курсӣҳо сохта буданд.

Сайёҳону зиёратгарон ва сокинони шаҳр чун қатори мӯрчаҳо аз зинаҳои пеҷон боло хазида, аз ҳафт худои муқаддаси кишвари Бобул, ки ҳар кадом дар қабате маъбади хешро дошт, ҳочат мехостанд. Қабати ҳафтуми манора ба худои худоён ва сарвари ҷумлаи эзидону ҳомиёни Бобул - Мардуки Олитабор мансуб буд. Ба маъбади тиллокории мӯҳташам ва мунаққаши Мардуки Олитабор ғайр аз шоҳу шахбону ва саррӯҳонии кишвар дигар касон қариб роҳ намеёфтанд, то ки аз кудуми номаҳраме фароғату

Рафти сохтмони манора (тахайюли рассом).

пешина
аз 84
навбатӣ