Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
шӯҳраи офоқи Бобул гашт. Мувофиқи шаҳодати асноди таърихии бобулиён ва форсҳо Куруши Кабир давлати абарқудрати Бобулро нисбатан ба осонӣ зери нигин овард. Ҳатто лаҳзае, ки Куруш аз хиёбони марказии Бобул ҳамроҳи аҳли талоя ва сарлашкарони бонуфузаш мегузашт, мардуми бенавои бобулӣ ва халқиятҳои мазлуми ба асоратафтода зери пойи аспҳои онҳо даста-даста гулбаргҳоро нисор мекарданд.
Рӯҳониёну тоҷирон ва ҳокимони хурду бузург, волиёни кишварҳои дуру наздик ва аъёну ашрофи олирутбаи Бобул дар ду самти дарвозаи Иштар - даромадгоҳи асосии пойтахти Бобул саф ороста, бо нону намак ва тӯҳфаҳои гаронбаҳо Куруши Кабир ва ҳамроҳони ӯро истиқбол мегирифтанд.
Куруши Кабир муддате дар қасри бошукӯҳи Навохудоносор ва ворисони ӯ биосуду сипас бо ҳидояти саррӯҳонӣ ва коҳинони олирутба роҳи маъбад ва манораи овозадори Этеменанкиро пеш гирифт. Ӯ ба маъбади тиллокории худои олиҷоҳи Бобул - Мардуки Олитабор ворид шуда, муддате мутаҳаййир монд. Маъбади зарҳалкорию мунаққаши тиллоии Мардук бо ҷилои рангҳо ва аксандозии зевару забарҷад ва ҷавоҳироти гаронбаҳояш Курустро мафтун намуд. Вале ӯ сир бой надода, ба шарафи худоёни олитабори бобулиён назрҳои бешумор пешкаш намуду бо ҳидояти рӯҳониён ва саррӯҳонии кишвар чун писари Мардуки Олитабор ва шоҳаншоҳи сарзамини Бобул пазируфта шуд. Тоҷи ворисии шоҳони Бобул, тахти забарҷад, нигини хотамаш сеҳрнок ва асои меросии шоҳӣ насиби Куруши Кабир гашт.
Куруши Кабир зоҳиран виқору тамкинро аз даст надиҳад ҳам, саропо шеф-
Куруш дар Бобул яҳудиёнро озод мекунад. Мусаввараи Гюстав Доре.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё