Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

таи тимсоли бутону санамҳои парастишгоҳҳо, мафтуни ҳунари нозуку нотакрори устоҳову ҳунармандони бобулӣ гашта буд. Ӯ дар дил азм намуд, ки баробари Пасаргад Бобулро пойтахти нави хеш хонда, аз шукӯҳи қасру иморатҳо ва ибодатгоҳҳои мӯъҷизасо дар миёни кулли шоҳаншоҳон ифтихор намояд. Куруши Кабир хизонаи аҷдодии шоҳони Бобулро ба даст оварда, муддате дар қасри бошукӯҳи шоҳаншоҳӣ иқомат ихтиёр намуд. Ӯ қариб ҳар рӯз ба маъбаду ибодатхонаҳои худоён назру қурбонӣ мефиристод, расму оини динии бобулиёнро эҳтиром мегузорид ва дар чорсуи Хиёбони Тантана тавассути чорчиён озодии дин ва бузургдошти худоёни ҷумлаи қавму қабилаҳоро эълом медошт. Куруш сиёсатмадори дурандеш, боҳирад ва зирак буд. Ӯ хуб медонист, ки эҳтиром гузоридан ба расму оини халқи бегона обрӯ ва нуфузи шоҳаншоҳи аҷнабиро пос медорад.

Аз ин рӯ эъломияи интишор намуд, ки дар он ба ҳифзи ҷону мол ва озодии эътиқоди ҳамаи сокинони гуногунтоифаи Бобул кафолат дода мешуд. Хушбахтона, ин эъломия то замони мо расидааст, ки бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур буда, яке аз нусхаҳои қадимаи он дар музеи Британия маҳфуз аст. Инак матни мукаммали он, ки аз хат ва забони бобулӣ баргардон шудааст: "Манам Куруш, шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи нерӯманд,

Эъломияи Куруш. Осорхонаи Британия.

пешина
аз 84
навбатӣ