Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
Дар ҳудуди Мисри Қадим бештар аз ҳаштод аҳроми хурду бузург ба ёдгор мондааст. Вале аз миёни ҷумлаи аҳромҳои сершумор танҳо се аҳром - аҳроми Хеопс, Ҳафрен ва Микерин мӯъҷизаи нахустини олам эътироф шудаанд. Ин аҳромҳо дар ноҳияи Ғаза, на чандон дур аз Қоҳираи имрӯза, қомат афрохтаанд. Ҳунарманддони рӯзгори қадим аз тахтасангҳои сахту беҷон мӯъҷизае офаридаанд, ки чун табиат абадзиндаву ҷовидонист, паррави офтоби сӯзон ва боду бӯронҳои даҳшатзо бароишон асаре надорад.
Дар бунёду тарҳрезии аҳромҳои Миср фирдавнҳо, яъне подшоҳони аҳди қадим, ки қариб си сулоларо фаро мегиранд, саҳм гирифтаанд. Зиндагӣ ва рӯзгори фирдавнҳо худ як муаммое буд, ки дар назари одамони хокӣ ба сони мӯъҷиза ҷилвагар мешуд. Фирдавнҳо аз рӯзи тавлид то лаҳзаи ба тахт нишастану зимоми давлатдориро ба даст гирифтан таҳти сарпарастии коҳинони олитабору рӯҳониёни баландмақом қарор доштанд. Дин ва давлат ду рукни тавоное буданд, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо гоҳ бо ҳам созиш кардаву гоҳ ихтилоф варзида, бори тамаддун ва зимоми давлатдориро пеш мебурданд.
Баъзе олимону бостоншиносон бунёди аҳромҳоро ба нишонае аз тамаддуни пешрафтаи сайёраҳои дигар ё тамаддуни заволёфтаи Замин вобаста медонанд. Дар осори қадимаи ҳиндуориёиҳо - «Маҳабҳарата» ва «Рамаяна» дар бораи олотҳои парвозкунандаи виманҳо ва ҷангҳои кайҳонӣ маълумоти ҷолибе зикр шудааст, ки ба парвозҳои имрӯзаи кайҳонӣ монандӣи аҷибе доранд.
Ниқоби фирдавн Тутанҳамон.
Осорхонаи Қоҳира.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё