Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
фойтунҳои сарватмандони эфесӣ дар кӯчаҳои шаҳр то дергоҳи шаб хомӯш намегашт.
Чун шаб фаро мерасид, ҷумлаи сокинони шаҳр дар хонаи хеш осуда ба худои фаровонию ҳосил ва амонии кишвари Эфес – Артемида дую салавот фиристода намоз мегузориданд. Шӯҳрату мақоми Артемида дар Эфес ба андозаи бузург буд, ки номи ху-дои қадимаи ишқ ва фаровонҳосилӣ – Иштарро, ки дар саросари Байнаннахрайн ва сарзамини Осиёи Сағир мепарастиданд, аз ёди мардум бурд. Сокинони Эфес бо мурури замон ба Артемида имон оварда, ӯро чун ҳомии шаҳр ситоиш мекарданд ва нуфузу шӯҳрати кишвари хешро аз пуштибонию мадади ин олиҳаи барҳақ мепиндоштанд. Шаҳр сол то сол васеъ мешуд, хиёбону растаҳои бешумор ва иморату қасрҳои мӯҳташам бунёд мегар-диданд, аммо ҷои намоёне барои парастиши Артемида ҳанӯз бино накарда буданд.
Дар яке аз фаслҳои тобистони қарни VI то милод сокинони шаҳри Эфес дар тантанаи Иди ҳосил гирд омада, аз фаровонии нозу неъмат ва бори дарахтону киштаҳо маросими шукронаро ба ҷо оварданду қарор доданд, ки барои бузургдошти Артемида маъбаде бунёд бикунанд, ки дар олам назир надошта бошад.
Сокинони Эфес ба гирдоварии маблағ шурӯъ намуданд. Дар
Акси театри бузурги Эфес.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё