Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
як муддати кӯтоҳ симу зар ва тилзову тангаи фаровоне ғун шуд. Дар ин кори хайр шаҳрҳои ҳамсоя низ саҳм гузоштанд.
Чун маблағи кирой гирд омад, мардуми шаҳр сохтани маъбадро ба меъмори закитабъу боистеъдод Херсифрон фармуданд. Аз рӯи ривоятҳо Херсифрон каси хеле сарватманд будааст, зеро мувофиқи оини он замон дар сурати аз маблағи пешбинишуда афзудани харҷи сохтмон меъмор мебоист иморатро аз ҳисоби хеш ба анҷом бирасонад.
Херсифрон аҳд кард, ки дар бунёди маъбади Артемида қадимтарин ва ҷадидтарин усулҳои меъмориро ба кор бурда, иморате созад, ки дар рӯи замин ҳамто надошта бошад.
Оқибат баъди лоиҳапардозӣ, нақшапартой ва тархбандиҳои зиёде сокинони Эфес тимсоли маъбадро пазируфтанд ва сохтани он оғоз ёфт. Херсифрон қарор дод, ки маъбадро дар резишгоҳи дарёи Каистра бунёд мекунад, зеро замини серлойкаи домани рӯд ҳангоми заминҷунбӣ такони нарм хӯрда, ин иморати беамсолро аз харобӣ эмин медорад. Ӯ ҳангоми сохтани пойдевори маъбад амр дод, ки заминро чуқур кофта, ҷинсҳои сахтро бо ангишту мӯй биомезанд ва дар таҳти иморат хобонанд.
Херсифрон хобу хӯрро фаромӯш карда, шабу рӯз заҳмат мекашид. Ӯ дар қатори устоҳову ҳунармандон гоҳ хиштҳои мармаринро суфта мекард, гоҳ дар бошаи сутунҳои сафеди мармарин нақш мепартофт, гоҳ дар ниҳодани пойсутуну бунёди деворҳо сарварӣ менамуд. То анҷоми сохтмон вафо накардани умрашро пай бурда, Ӯ ҳар қадаре метавонист, шитоб мекард. Ҳатто Ӯ ҷои хуфту хобашро низ ба маъбад кӯчонда буд. Шабҳо хаставу аракшор бо мӯзаву корҷома рӯи рахти хоб меафтоду ҳанӯз субҳ надамида мехест. Ӯ мехост ақаллан тарҳи хомакии маъбадро бунёд намояд, то дигарон баъди сараш сохтмони иморатро давом бидиҳанд.
Бунёди Маъбади Артемида бо машаққати гароне муяссар мешуд. Даставвал то мавзеи кони мармар роҳи васею ҳамворе сохтанд. Тарҳи хомакии сутунҳоро он ҷо тарошида, сипас бо тариқи ғулааробаҳо то мақоми маъбад ғелонида меоварданд. Корҳои суфтагариву пардоз ва нақшпартоиву сайқалдиҳӣ дар пойгоҳи иморат сурат мегирифт. Мувофиқи расми он замон дар тани сутунҳо зимни ривоятҳои асотириву динӣ ҳайкалу муҷассамаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё