Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ҳам вафо накард ва Маъбади Артемида нотамом монд. Баъди сари ӯ сокинони Эфес меъморони соҳибтаҷриба Деметрий ва Пеонийро барои анҷоми сохтмон муносиб шумурданд.

Ҳамин тариқ, баъди 120 соли заҳмату машаққатҳои гарон оқибат сохтмони Маъбади Артемида анҷом ёфт, ки умри чандин ҳазор меъморону ҳунармандон ва наққошону ҳайкалтарошон дар ҷараёни сохтани он хазон гардид. Дар маросими кушодани Маъбади Артемида, ки ба иди фаровонию ҳосил рост меомад, замину замон аз одам пур шуд. Ғайр аз сокинони Эфес, аз чандин шаҳрҳои дуру наздик шоҳу гадо ҷони худро кашида, ба ин ҷашни муборак омада буданд.
Аз ғояти афзунии киштиҳо дар соҳили баҳри Эгей ва дарёи Каистра ҷой намонд, ҷумлаи мӯътакидон бо шӯру ғирев барои олиҳаи ҳимоятгар Артемидаи олитабор дуову салавот мефиристоданд, ҷашни муборакӣ кушодани маъбадро табрику таҳният мегуфтанд.

Шогирдпешаҳо аз рӯи муҷассамаи Афина пардаро бардоштанд.
Издиҳоми одамон аз ҷамоли нотакрори олиҳа ва шукӯҳу салобати кудсиёнаи ӯ дақиқае дар шигифт монду сипас фарёду ғирев ва нидои шодиёнаи хосу ом дар остони Маъбади Артемида ғулғула афканд.
Полисҳои қавипайкар сипарҳои хешро ба бозу ниҳода фишори издиҳоми ба ваҷд омадаро бо азобе медоштанд. Дар пеши назари онҳо ҳомии шаҳри Эфес, эзиди набарду ғолибият, олиҳаи хирад, санъат ва ҳунар, духтари Зевси таҳамтан — Афинаи соҳибҷамол бо либоси ҷангӣ ва кулоҳҳуди зарҳалини хеш ба зуҳур омада буд.

Муҷассамаи дувоздаҳметри Афинаи Парфенос аз тилло ва устухони фил бо услуби рӯкаш кардани чӯби обнус, чинор ва сафедор сохта шуда, дар дасти росташ пайкари эзиди Ғалаба орамида буд.
Мори дар пойгоҳаш ёзида, тоҷкулоҳи ҷангӣ ва сипари бузургаш, ки кутри он панҷ метр меомад, ҷасорату тавоноӣ ва зӯровариро далолат мекарданд. Муҷассамаи Афина андаруни Маъбади Парфенон, ки андозааш 70 х 30 м буда, ба дарозӣ 34 сутун ва ба бар 16 сутун дошт, қомат афрохт. Шаҳр дар тимсоли муҷассамаи Афина ҳомии хешро пайдо кард.

Пардаҳои бузургро аз рӯи иморат фуруд оварданд ва Маъбади
Артемида чун мӯъҷизаи сафеде дар чашми одамон ба ҷилва
омад. Маъбад рӯи баландии силсилазинаҳо бунёд гардида, аз чор
тараф шукӯҳу салобаташ ба назар мерасид. Масоҳати иморат 110
х 55 м буда, бо фазои баланду барҳаво ва санъати меъмории но-

пешина
аз 84
навбатӣ