Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
Маъбади Артемида.
такрораш мӯътақидонро бар шигифт меафканд. Маъбад чун намунаи олии омезиши санъати меъморӣ бо унсурҳои ҳайкалтарошӣ ва наққошӣ зуҳур карда, силсилаи тоқу нимтоқҳо ва равоку гурчдеворҳояш, ки дар васати қаторсутунҳо ва канораҳои иморат истифода шуда буд, аз парвози баланди хаёлоти инсонӣ башорат медод. Дар бунёди Маъбад 127 сутуну шоҳсутунҳои мунаққашу кандакории сафед саф баста буданд, ки баландии онҳо ба 18 м ва кутри асосашон ба 1,6-1,8 м мерасид. Ҳайкали чӯбини Артемида, ки бо зару зевар ва сангҳои нодиру қиматбаҳо оро ёфта буд, ба маъбад шукӯҳу салобати хосае меафзуд. Аз дур дар зери партави офтоби шарқ Маъбади Артемида тобишу ҷилои нотакроре дошт, чун мӯъҷизае рӯи баландӣ ба зуҳур меомад. Мӯъҷизаи сафед, мегуфтанд беихтиёр одамон, аз дидани ин манзараи ҳайратангез.
Сокинони шаҳр аз Маъбади беамсоли Артемида ифтихори тамомом доштанд. Ин маъбад калонтарин ва боҳашаматтарин иморати шаҳри Эфес буда, дар он ғайр аз ибодат ва адои маросимҳои динӣ, боз ҷамъомадҳои мардуми шаҳр баргузор мешуд ва масъалаҳои муҳими сиёсату давлатдориро ҳал мекарданд. Бар болои ин Маъбади

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё