Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Артемида макони бойгарӣ ва амнияти мардум, ҷои беосеби нигоҳ доштани сарват ба шумор мерафт. Ҳатто ҳангоми ҷангу задухӯрдҳои шадид мардуми эҳтиёҷманд дар маъбад паноҳ мебур- данд ва касе, на худию на бегона, ҳад надошт, ки андаруни ин боргоҳи муқаддас куштору хунрезӣ намояд. Баъзан ғуломони гу- реза ва ҷинояткорони ашаддӣ низ дар маъбад паноҳ бурда, аз ҳукми қатл ва ҷазоҳои мудҳиш раҳоӣ меёфтанд.

Лекин овозаву шуҳрати беқиёси Маъбади Артемида бештар аз сад сол пойдевор набуд. Маъбадро дар як шаби зулмонии соли 356 то милод Геростат ном як марди ҳакиру шуҳратталабе оташ зад. Му- род аз ин кори хабисона дар таърих абадан сабт кардани номи хеш буд. Оташ фурсате нагузашта тамоми маъбадро фаро гирифт. Дару деворҳо, току равоқҳо, нақшу кандакориҳо, ҳайкалу мусаввараҳо ва шоҳсутуну муҷассамаҳо месӯхтанд. Мардуми шаҳр дар нимаи шаб ба по хестанд, ҳазорон сатилу зарфҳои обгирӣ дар соҳили дарёи Каистра ҳозир шуд, аммо оташ кайҳо кори худро карда буд. Ҳайкали Артемида саросар сӯхта хокистар гашт, сақфу сутунҳо рехтанд, нақшу нигори нотакрор ба коми нестӣ рафт ва аз ғояти ҷангу дуд мармари сафеди иморат сип-сиёҳ гашт. Аз бойгариву сарвати ҳазорон мардуми дорову нодори шаҳри Эфес дар он шаби зулмонӣ ғарамҳои хокистар монду бас.

Ин фоли шум ҷумлаи мардуми Осиёи Сағирро ба даҳшат аф- канд: онҳо аз сӯхтани маъбад нобудшавии шаҳри Эфесро пешгӯӣ мекарданд. Ба сари Геростат ҳақорату нафрин ва лаънатҳои бе- шумор борид. Аҳли ҷомеа қарор доданд, ки номи ӯро ҳаргиз ба забон наоранд ва дар таърихномаву китобҳо асло сабт нанамо- янд. Сарварони шаҳр баъди фурӯ нишастани даҳшати фоҷиа қарор доданд, ки аз сари нав маблағ фароҳам оварда ба дубора бунёд кардани Маъбади Артемида пардозанд. Мардум аз нав рӯҳ гирифтанд, пулу сармоя аз тамоми гӯшаву канори Эфес ва кишварҳои ҳамсоя беист меомад.

Чанде нагузашта барои азнавсозӣ ва таъмиру тармими маъбад меъмор ва бунёдгари бузурги шаҳрҳо Хейрократро даъват наму- данд. Хейрократ, ки дар тарҳбандӣ ва ниҳодани бунёди шаҳри Ис- кандария шӯҳрати тамоми ёфта буд, ин масъулияти бузургро ба зимма гирифт. Хейрократ 36 шоҳсутуни маъбадро аз нав сохта, нақшу нигори боқиро ба низом овард. Ӯ Маъбади Артемидаро аз

пешина
аз 84
навбатӣ