Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
чун оина ҷило медод ва мардум дар рӯи мармари муҷалло акси хешро медиданд. Аз болои арки баланд ва қасри мӯҳташам, ки бар фарози теппае устувор буд, шаҳр чун кафи даст метофт. Дар саросари бандар киштиҳои билодҳои Машриқу Мағриб лангар партофта, бозургонҳои гуногунҳиҷату ғарибсурат молу матоъи хешро ба бозор мекашиданд. Тиллои холиси Бохтару лаъли Бадахшон, лоҷуварди Суғду фирӯзаи Хоразм дар растаи заргарон бо сад ранг медурахшид. Шоҳ шоли Кашмиру қолини Форс, дебои Руму шоҳиву кимхои Чин, хоҷасароёни бобуливу канизони нозанини мисрӣ, ғуломони ҳабашиву ҳунармандони ҳиндӣ, хуллас манзараи шаҳри паҳновари Галикарнасро аз болои арк наззора мекард ва дар лаҳзаҳои зарурат дастуру амрҳо медод.
Мавсол марди маккору соҳибтадбире буд ва санъати ҳарбу сафоратро басо хуб медонист. Ӯ киштиҳои тиҷоративу ҷангии бешуморе ороста, шӯкӯҳу салобати хешро ба Лидия ва Иония барин давлатҳои юнонии Осиёи Сағир намоиш медод ва онҳоро бар зидди Хишоёршоҳу дигар ворисони Дорои I меангехт.
Хишоёршоҳ.
Хишоёршоҳ, ки дар синни
сиву чорсолагӣ ба тоҷу тахт
расида, ҷавонмарди басо зебоандому хушпайкар буд,
идораи давлат ва коргузориро
ба ҳукми хоҷасароён вогузошта, ҳама ғайрату ақли на чандон
дурбинашро сарфи бартараф кардани низову ҷанҷолҳои аҳли
ҳарам ва маъшуқаҳои бешумори хеш мекард. Заҳмату ранҷҳои
афзуни Дорои I, ки бо зарби шамшеру лашкаркашиҳо ҷумлаи
давлатҳои тавонои Машриқу Мағрибро ба зери итоати хеш
оварда, қаламрави Ҳаҳоманишиёнро аз сарҳади Ҳинду Чин то
Ҳабашистону Руму паҳноҳои Дашти Хазар ва Қипчоқ расонида,
як давлати бузурги муттамарказе сохта буд, аз дасти писари айёшу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё