Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
бехунараш барбод мерафт. Дар ҳама кунҷу канори сарзамини паҳновари Хишоёршоҳ шӯру ошӯб мехест, валиёну сарлашкарони ҷангозмуда худро шоҳ эълон карда, кишварҳои ҳамсояро зери итоати хеш медароварданд. Мувофиқи ривояти муаррихон Ктесий ва Диодор, Хишоёршоҳ дар фарҷоми кор оқибат аз ҷониби Аспамитра ном хоҷасарои хеш ва Артабон ном сарвари талоя кушта мегардад.
Пойтахти нави Мавсол шаҳри Галикарнас ба яке аз бузургтарин бандарҳои тиҷоратӣ ва мавзеъҳои мувофиқи киштигардии баҳри Миёназамин табдил ёфта, дар шукӯҳу шаҳомат ва зебоӣ бо шаҳри овозадори Искандарияи Миср рақобат дошт. Мавсоли маккору дурандеш алалхусус дар солҳои 70-уми асри IV пеш аз мелод мавқеашро дар баҳри Миёназамин устувор намуда, ҷазираҳои Родос, Хиос, Лесбос, Кос, Книд ва Самосро ба тарафи худ кашида, онҳоро аз иттиҳоди Афина ҷудо кард. Ин ҷазираҳои хурди дорои бандарҳои хурду бузурги баҳрӣ истиқлолияти тиҷоратиро ба даст оварда, пеш аз ҳама ба шаҳри Галикарнас робитаро вусъат мебахшиданд.
Шӯриши соли 367 то милод, ки онро валиҳои Осиёи Сағир ва Финикия бар зидди сиёсати кӯтоҳандешонаи Ҳашиёршоҳ хезонда буданд, нуфузи Мавсолро дар Осиёи Сағир бештар намуда, боиси вусъатёбии ҳудудҳои Кария гардид. Ҳамин тариқ солҳо мегузараду сарзамини паҳновари давлати Ҳаҳоманишиён рӯ ба таназзулу парокандагӣ меорад. Мавсол давлатҳои юнонии Осиёи Сағирро забт намуда, аз тиҷорат бо кишварҳои Шарқу Ғарб суди фаровон мебинад ва аз зери итоати Хишоёршоҳ мебарояд. Андозҳо акнун ба хазинаи ӯ ворид мешаванд. Иониҳову лидиягиҳо аз ҷабру ситами ӯ ба дод меоянд. Вале Мавсол ба ҷуз занаш ба касе раҳму шафқатро раво намебинад.
Мавсол ғайри занаш Артемисия ба касе эътимод надошт ва бори андӯҳи бефарзандӣ дар дил рафтани умрро мешумурду барои таскини хеш чорае намеёфт. Бо умеди он ки аз худ ёдгоре боқӣ гузорад ва хотираашро абадан дар ёди мардум мононад, қарор дод, ки ҳангоми барҳаёт будан мақбарае барои худ ва ҳамсараш бунёд бикунад. Беҳтарин меъморони юнонӣ Сатир ва Пифийро ба бунёд намудани оромгоҳ ҷалб карда, барои ҳамкорӣ ризояти бузургтарин ҳайкалтарошони аҳди хеш - Скопас, Тимофей,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё