Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
дошт.
Аспҳои бодпову аробаи бесавораи мармаринро ҳайкалтарош Пифий офарида буд, ки аз дур ба назар чун аспҳои зинда метофту мепиндоштед, ки ҳамин дам аз қуллаи баланди оромгоҳ раҳида, дар авҷи осмони кабуд нопадид хоҳад гашт. Барои қиёси бузургии аспҳову аробаи ҷангии дучарха бояд гуфт, ки кутри чархҳо ба 3,8 м мерасид.
Сутунҳои оромгоҳ (акс аз амсила).
Дар пойгоҳи оромгоҳ, дар саҳни пойдевори мақбара ҳайкалҳои ҷанговарони савораву силсилаи шерҳои хуфтаву нишаста ба сифати посбон қарор доштанд, ки шукӯҳу салобати ёдгориро афзуда, ба дил як ваҳму ҳарос ва эътикодеро ба ин мӯъҷизаи нотакрор меафзуданд. Аз зинаҳои мармарини сафед боло рафтан низ бо машаққат муяссар мешуд, зеро баландии қаторзинаҳо бо нижвон 40 м буда, сипас ба даруни оромгоҳ ҳидоят менамуданд.
Нижвон ё худ арақаи муҳташам чаҳор тарафи пойгоҳи сутунҳоро фаро гирифта, бо силсилаи ҳайкалу муҷассамаҳои беназираш ҳар як тамошобинро водор мекард, ки соате машғули муоинаи задухӯрди ҷанговарон бо олиҳаҳои асотирӣ гардад. Тарҳи гӯёву фасеҳи пайкараҳо, ҳаракатҳои тез ва печу тобҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё