Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

шигифтовар, ҳолатҳои муассиру хотирмон он қадар возеҳу ҷозиб тасвир шуда буд, ки кас гумон мекард андруни як муҳорибаи шадиде ширкат дорад.

Одатан, аз даромадгоҳи самти шарқӣ вориди оромгоҳ мешуданд, ки он бо ороишоти нотакрор ва зебу зиннати беназираш ақлҳоро дар шигифт меовард. Андаруни оромгоҳ як нерӯи афзалтар аз афсонае ба истиқбол меомад. Дар мобайни оромгоҳ понздаҳ шоҳсутуни ҳалқабанди сақфи гаронро бар дӯши хеш бардошта буданд. Андаруни ҳалқаи сутунҳо ба рӯи ҳайкалпояи мунаққаши назаррабо муҷассамай шоҳ Мавсол ва шоҳбону Артемисия чун

Оромгоҳи Мавсол (таҷдид).

вуҷуди зиндае ба кас менигаристанд. Андозаи муҷассамаҳо аз пайкари одамӣ ду баробар бузург буда, дар дили бинанда як эҳсоси кудсиёнаву волотар аз тасаввури одамиро меангехт.

Сангҳои гаронбаҳои фирузаву ақиқ ва дурру гавҳар бар девори тиллоандудаву ороёфта насб шуда, шукӯҳу шаҳомати даруни оромгоҳро дучанд меафзуд. Дар нимторикии асрорангез нақшу нигор ва ороишҳои рӯи фаршу сақф хаёле шино мекарданд ва сутунҳои ҳалқабандиву ду муҷассамай бар дӯши ҳам такядода гӯё миёни осмону замин муаллақ буданд. Аз бухурдонҳои мунаққашу тиллокорӣ бӯи гуворое хеста, ақли касро забун мекард. Баландии

пешина
аз 84
навбатӣ