Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Машварати юнониён барои сохтани муҷассамаи Зевс.
Бад захмати миёншикан ва мушкиле буд. Ҷумлаи ҳайкалтарошҳону муҷассамасозони машҳур дар ин кор оҷиз монданд. Ҳатто Поликлети Аргосӣ, ки худро аз Фидий бартар мепиндошт, номумкин будани талаби фармоишгаронро таъкид карда, аз сохтани муҷассамаи Зевс даст кашид. Чун ба Фидий рӯи ниёз оварданд ва андешаи ҳайкалтарошонро бароиш расониданд, ӯ хандид ва гуфт: "Сохтани муҷассамаи Зевс воқеан корест сахту сангин, вале амрест воҷиб ва аз рӯи ақлу хирад имконпазир..."

Пешвоёну ашрофони соҳибнуфузи Афина гӯё барои аз ҳамс раҳонидани Фидий маблағи гаронеро ба гарав доданд ва қавлу аҳд намуданд, ки баъди анҷоми муҷассамаи Зевс ӯро боз ба зиндон бармегардонанд. Кор оғоз ёфт ва Фидий аз субҳ то шом теша мезаду ранҷу аламҳояшро аз ёд мебурд. Ӯ мехост мӯъҷизае офарад, ки дӯсту душман аз дидани он моту мабҳут гашта, лаҳзае гирудори олами фониро фаромӯш созад.

Солҳо гузаштанд, қомати мавзуни Фидий хам зад, ба чеҳрааш ожангҳо роҳ ёфт. Дастҳои пуробилаш дигар мадори қапидани теша надоштанд, вале ӯ дандон ба дандон фишурда, ранҷу риёзати беохирро ба сар мебурду мӯъҷизае дар пеши назар эҳё мегашт.

Аз пешайвони нимторики маъбади Зевс, ки андарунаш сукути

пешина
аз 84
навбатӣ