Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
Ривояте ҳаст, ки Фидий баъди солҳо муҷассамаро анҷом дода, хаставу нотавон дар назди ӯ ба зону зад ва рӯ ба Зевс оварда суол кард: "Зевси олипаноҳо, аз ранҷу заҳмати беқиёси як бандаи осият қонеъ шудӣ ё на?" Ҳамон дам тундар ғулғула андохт ва ҳаданги барқ ҷаҳида маъбадро ба ларза афканд. Фидий аз ҳуш рафт, дертар ба худ омада дид, ки аз миёнаҷои фарши мармарин дуди кабудҷатобе мехезад. Ба посдошти ин мӯъҷиза, гӯё Фидий буҳурдони тиллоие сохту бо ҳамин кор сомон ёфт. Муҷассамаи Зевс қомат афрохт, овозааш ба сар то сари офоқ рафт ва мавҷи одамон аз субҳ то шом дар остони маъбад истода, ба зиёрати ҳомии мададгору шифобахш расидан мехостанд. Фидий дигар ба зиндон барнагашт ва даҳои ӯро чӣ дӯсту чӣ душман дар саросари Юнонзамин пазируфтанд.
Мувофиқи ривояти муаррихон ба зиёрати муҷассамаи Зевс халоиқи бешуморе аз саросари Юнон ва кишварҳои дуру наздик меомаданд. Беморон аз дидани ҷамоли кудсиёнай Зевс шифо меёфтанд, дар замири сангдилон шафқат роҳ мекушод, риштаи корҳои чигил ва бебарор кушода мегардид.
Муҷассамаи Зевс баъди сари Фидий андаруни маъбад қариб ҳазор сол бобақову пойдор буд ва ҷумлаи оламиёнро чун мӯъҷизаи нотакрор ба ҳайрат меафканд. Дар ибтидои а.5 милодӣ қайсари Византия ФеодосийИ 2 Афинаро забт карда, амр дод, ки тамоми маъбадҳои Олимпро чун қадамҷои хилофи дини насронӣ оташ зананд ва харобу валангор намоянд. Дили қайсар нашуд, ки муҷассамаи Зевсро ба коми оташ бидиҳад. Фармуд, ки ин муҷассамаи мӯъҷизаосоро бе ягон зарбу озор ба Византия бубаранд. Дар қасри қайсар барои муҷассамаи Зевс иморати хосае бино карданд ва он аз чашми хосу ом дур афтоду чанд гоҳе ғайри шоҳи ҷоҳил касе онро надид. Оқибат, рӯзе бо амри қазо қасри қайсар оташ гирифт ва муҷассамаи Зевс низ саросар сӯхта, ғайри ривоятҳои бешумор чизе аз худ ба ёдгор намонд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё