Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

фиръавнҳои овозадори Мисри Қадим Валид ибни Масъаб аз дигар фиръавнҳо далертар, ситамкортар ва мутакаббиртар буд.

Ин фиръавн ҳайкалҳои боҳашамати бутонро дар маъбаду бутхонаҳо бунёд карда, сару тани онҳоро бо ҷавоҳирот ва фулузоти гаронбаҳо оро медод ва парастиши бутонро воҷиб медошт. Пас аз ҳашт соли подшоҳӣ ӯ даъвои худоӣ кард ва гуфт: «Ман худоям, астағфируллоҳ, ман бузургам аз ин бутон, ки бо дасти хеш тарҳашонро андохтаам. Ва бутон дар дасти ман андакаранд, хоҳамашон бишканам, хоҳам эшонро гиромӣ бидорам. Тақдири ҷумла бутон дар дасти ман аст, Пас худоиро ман бишоям, на бутон, маро бипарастед, на бутонро. Ман худои ҳама меҳтарону кеҳтарони Мисрам».

Дар ин пораи мухтасари «Таърихи Табарӣ» сурату сирати фиръавнҳои Мисри Қадим ба ҳадди худпарастӣ, мутакаббирӣ, сангдилӣ ва ҷалолатписандӣ таҷАССУМ ёфтааст. Воқеан, фиръавнҳои Мисри Қадим чун ба тахти давлатдорӣ нишастанд, барои худ сохтани аҳромеро мефармуданд, ки қариб нисфи дороиву иқтидори давлат сарфи он мегардид.

Бунёди ахроми бузург аз як тараф таҳту ҷалол ва шукӯҳу ҳашамати фиръавнҳоро дар чашми халоиқ намоиш дода, рақибон ва ғуломони исёнпешаро тарсонаД, аз тарафи дигар бар

Нақшаи ҷойгиршавии ахромҳо.

пешина
аз 84
навбатӣ