Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
эътиқоди динии мисриёни бостонӣ асос меёфт. Мувофиқи ақидаи онҳо вуҷуди одамӣ аз ду мабдаъ – тан ва ҷон иборат мебошад. Ҷон аз мабдаи моддӣ орист ва тани одамиро то дами марг ёр аст. Ҷон баъди фавт танро тарк бикунад ҳам, дар он дунё аз ҳолаш пайваста бохабар мешавад. Барои он ки тан ва ҷон дар он дунё бемалол ба ҳамдигар бирасанд, қадамгоҳи тану ҷон – сагонаро бояд дастнорасу бошукӯҳ бунёд кард. Он гоҳ ҷони раҳида дар хилватгаҳи хомӯшу муҳташам ба зиёрати тан меояд ва чашидани лаззати умри дубора барояш муяссар мегардад. Санъати мумиё кардани тани марҳум низ аз рӯи ин эътиқоди динӣ сурат гирифтааст.
Ҳарчанд Мисри Қадим дорои ҳазорон ёдгориҳои меъмории назаррабо, осори санъати нафисаи беҳамто ва ҳайкалу муҷАССАМАҲОИ асотириву воқеии шигифтангез бошад ҳам, аз миёни ҷумлаи онҳо маҳз се ахроми муҳташам-Ахромҳои Хеопс, Ҳафрен ва Микерин шӯҳрати оламгир ёфтаанд.
Ахроми Хеопс мӯъҷизаи беназири аҳди қадим буда, ин аҳромро фиръавни сулолаи чаҳорум Хуфу (дар таърих бо номи юнониаш Хеопс машҳур аст) дар оғози асри XXVII то милод, яъне тақрибан 4700 сол қабл аз ин бунёд ниҳодааст. Парфенони Юнону маъбадҳои бузурги Рим дар назди ин аҳром мисли
Ахроми Хеопс.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё