Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
дани Гелеопол қабати дуюми девори қалъаро бунёд намуда, фатҳи онро пешгирӣ мекарданд. Вале ин тадбир пеши роҳи ҳамлаҳои пайдарпайи Деметрийро аз самтҳои дигари қалъа баста наметавонист. Муҳосира тӯл мекашид, сафи ҳимоятгарони қалъа мекост, мӯҳтоҷию қашшоқӣ ва гуруснагӣ ба шаҳр роҳ ёфта, соати ғалабаи душманро наздик меовард. Ва мошини садшикан — Гелеопол осебе надида, чун пештара деворҳои қалъаро мешикасту рахна мезад.
Дар ниҳоити ноумедӣ ба ёди ҳимоятгарони шаҳри Родос меъмори пиру рӯзгордида Диогнет расид, ки метавонист ба муқобили Гелеопол тадбире андешад. Диогнети кӯҳансол, ки дар бистари пирию нотавонӣ хуфта буд, арзи ҳамдиёронашро шунида маслиҳат дод, ки дигар ҷон коҳондаю азоб кашида, деворҳои қабати дуюму сеюми қалъаро набардоранд. Ба ҷои он дар муқобили самти ҳамлаи Гелеопол лойобаю ифлосию чирку партовҳои часпакро ғундошта, шабона рахнаи ниҳоние кушоянд ва дар сари роҳи мошини садшикан бирезанд. Аз рӯи ин тадбир субҳи дигар Гелеопол ба кулмаки часпаку чуқурии сунъӣ ғӯтида, аз ғояти вазнинӣ на пеш рафта метавонисту на қафо омада. Аз болои деворҳои қалъа ба сари мошини беҳаракату ночунбони садшикан фавҷи тиру оташ, сангҳои гарон рехта, пӯстҳои мудофиавиро месӯзонду сӯрох мекард ва сарбозони дохили Гелеополро нобуд месохт.
Деметрий.
Деметрий дар назди ин тадбир оҷиз монда, Гелеополро тарк намуд ва ҳамларо аз самти дигари шаҳр шурӯъ кард. Муҳосираи шаҳр як соли расо тӯл кашид ва рақибони Деметрий аз ин муҳосираи кашолёфта истифода намуда, ба сокинони Родос кӯмаки моддӣ ва яроқу аслиҳа мерасониданд. Алалхусус Кассандр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё