Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

мегашт. Бузургтарин иморати шаҳр - Ибодатхонаи худои офтоб - Гелиос, ки дар сари теппаи баланде устувор буд, якбора чаппагардон шуда, сутунҳои баланду гаронвазнаш ба самти шаҳр гелид.

Аз дунболи заминларза, раъду барк ва тӯфон боз борони сел омад. Ва ин чор неруи мудҳиши табиат якҷоя шуда, гӯё қасди аз пой афтондани ҳомии шаҳр - муҷассамаи бузургу мӯҳташами Колоси Родосиро доштанд. Замин бо шиддати тамоми меларзиду пояи ҳайкалро такон медод, тӯфон охирин киштиҳои халиҷро шикаставу пора карда ба тани ҳанӯз ҳам устувори муҷассама мекуфт, ҳаданги барқ ба тоҷи фурӯзон ва сару кифти тавонои Колоси Родосӣ давида, аз шиддати ҷараёни ғайриоддии хеш саропои пайкараро меларзонд ва сели даҳшатнок хоки мармарпӯши атрофи ҳайкалро мешусту бунёдашро суст мекард. Вале муҷассама сар ба осмон афрохта, чун охирин нишони ободии шаҳр ҳамоно устувор меистод.

Баногоҳ аз қаъри замин фиғони мудҳише бархост ва аз фишори неруи вулқон қабати болои хок дамидаву такон хӯрда пояи муҷассамаро аз ҷояш бардошт. Аз фишори ногаҳонии таги пой

Ҷазираи Родос. Харитаи Пири Раис. Соли 1526.

пешина
аз 84
навбатӣ