Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

онро буридаю шикаста ба 900 уштур бор карда, ба самти номаълуме бурд. Ва бо ҳамин охирин пораҳои муҷассамаи Колоси Родосӣ - яке аз ҳафт мӯъҷизаи эътирофшудаи Дунёи Қадим беному нишон гардид.

  1. БУРЧИ ИСКАНДАРИЯ

Фасли баҳор расид. Ба дарбори шоҳ Файлакуси II аз билоди Форс дастаи сафирону бозаргонон бо тӯҳфаҳои гаронбаҳо ташриф оварданд. Онҳо аз номи шоҳаншоҳи сарзамини Форс ба кишвари Мақдуния дуруду пайғоми Наврӯзӣ расонида, барои тиҷорат рухсат хостанд. Файлакус бо камоли мамнунӣ сафиронро пазируфт,

Сӯҳбати Филиппи II бо Арасту ва Искандар.

барояшон зиёфати хосае орост ва валиаҳди хеш Искандари ҷавонро ба меҳмонон шиносонд. Шоҳ дар дил аз ҳуҷуми форсҳо хавф дошт, ташрифи сафирон ва дуруди Наврӯзӣ ба мулки ӯ сулҳу салоҳ овард.

Сӯҳбати Искандар бо сафирон баъди зиёфат чанде идома ёфт. Ӯ аз ҷашни Наврӯз, одатҳои мардуми Форс ва тантанаҳои идонаи подшоҳони ҳаҳоманишӣ чандин суол кард ва тариқи истиқболи Наврӯзро аз ҷониби шоҳаншоҳ ва муқаррибони вай ботафсил шунид. Шукӯҳу ҷалоли боргоҳи шоҳони Форс - Тахти Ҷамшед ва Қасри Сафед дар айёми ин иди фархунда, манзараи тоҷгузорӣ ва

пешина
аз 84
навбатӣ