Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

Искандария фиристода, нақша дошт, ки аз гирдоварии осори тамаддуни Машриқу Мағриб як қасри бузурге ба шарафи олиҳаҳои санъати нафиса - бо номи Мусейон бисозад. Ва шояд Тахти Ҷамшедро аз байн бурдани ӯ аз эҳсоси рашку ҳасад низ бошад, зеро бо баҳонаи қасос барои поймол шудани боргоҳи худоёну муқаддасоти юнониён беҳтарин намунаи осори меъмории рақибони деринаашро ба боди фано дод.

Умр ба Искандари Мақдунӣ чандон вафо накард. Ӯ дар айни камолоти ҷавонӣ соли 323 то милод дар шаҳри Бобул фавтид. Империяи паҳновари фатҳнамудаи Искандари Мақдунӣ бесарвар монд ва дар болои ҷасади беҷони ӯ баҳсу талоши сарлашкарон барои тахту тоҷ авҷ гирифт. Оқибат баъди чанде яке аз сарлашкаронаш Птолемей Лаг ҷасади беҷони ӯро дар рӯи тобути зарандуд ба Искандария оварда, барояш мақбари бошукӯҳе созонд. Ва Птолемей Лаг нахустин шуда худро императори Миср эълон кард ва империяи муттамаркази Мақдуниёнро барҳам зад. Пас аз ин империяи паҳновари Искандари Мақдунӣ ба се пора - Мақдуния, Миср ва давлати Селевқиён тақсим шуда, ҷангу ҷидоли сарлашкарон даҳсолаҳо идома ёфт.

Бунёд намудани шаҳри Искандария дар замони ҳукмронии сарлашкари Искандар Птолемей Лаг ва ворисони ӯ Птолемейҳо дар Миср давом кард. Хусусан иншооти беамсоли Мусейон шӯҳрати тамом ёфта, аз тамоми гӯшаҳои олам китобу дастхатҳои нодирро гирд оварданд ва олимону шоирону санъаткорони бешуморе, амсоли Уклидус, Эратосфен, Архимед, Каллимах ва дигарон дар ин маркази илмию адабӣ зиндагӣ ва эҷод карданд.

Бунёди Бурҷи Искандария - манораи беамсоли олам, ки аз рӯи ривоятҳо орзуи деринаи шоҳи ҷаҳонгир буд, баъди марги ӯ оғоз ёфт.
Манора дуртар аз Искандария дар ҷазирачаи Фарос бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати киштиҳо сохта шуд. Аз рӯи нақшаҳо Бурҷи Искандария мебоист аз тамоми манораҳои олам баланду бошукӯҳу зеботар шуда, чун рамзи мӯъҷизавие аз шаҳри навбунёд дар ёдҳо мемонд.
Сохтмони бурҷро меъмори бузург Сострати Книдӣ ба уҳда дошт. Ӯ соли 285 то милод ба бунёд намудани Бурҷи Искандария шурӯъ карда, онро дар давоми панҷ сол ба анҷом расонд.

Баландии умумии бурҷ бештар аз сесад оринҷ (160 м) буда, аз
рӯи бандубаст се қабат дошт. Ҳар се қабати бурҷ дар рӯи қалъаи
мустаҳкаме қомат афрохта буд, ки он дар айни ҳол ба сифати ҳам пойдевор ва ҳам истеҳкоми мудофиавӣ хизмат мекард. Дар қалъа дастаи кофии сарбозон, силоҳҳои ҷангӣ, манҷаниқу таҷҳизоти мудофиавӣ, захираи афзуни хӯрокаву оби нӯшокӣ нигоҳ медош-танд, то дар лаҳзаи муҳосираи нобаҳангоми ҷазира сокинони бурҷ истодагӣ карда тавонанд. Қабати аввали бурҷ, ки дар рӯи қалъа ба шакли чаҳоркунҷаи баробарпаҳлу ба баландии 70 м сар афрохта буд, аз тахтасангҳои мустаҳкам бино ёфта, ғафсии девораш ба 8 м мерасид. Чор паҳлуи бурҷ ба чор самти олам далолат карда, аз равзанаҳои баробари қади одам рӯшноӣ медаромад, ки онҳо дар айни ҳол чун тиркашҳои мудофиавӣ хизмат мекарданд. Дар саҳни қабати нахустини бурҷ чаҳор муҷассамаи биринҷии писари худои баҳр Посейдон ҷойгир буд, ки ба чор самти олам сурнай мекашид. Дар даромадгоҳи самти ҷануби бурҷ рӯ ба шаҳри Искандария соа-ти бузурги офтобии насб шуда буд.

пешина
аз 84
навбатӣ