Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Қабати дуюми бурҷ шакли ҳаштарка дошта, аз рӯи таъиноташ ба ҳашт самти боди мухолиф далолат мекард. Ин қабат аз тахтасангҳои мармари сафед бунёд шуда, баландиаш 45 м ва қутри асосаш тақрибан 18 м меомад. Дар қабати дуюм олот ва дастгоҳҳои нодири боркашонӣ, силсилаи дару дарвозаҳои мудофиавӣ устувор буданд. Қабати сеюми устувонашакли бурҷ ба сифати пойдевори 8 сутуни хоросангии назаррабо хизмат мекард, ки болои онҳо гумбазе барқарор буд. Дар фарқи гумбаз муҷассамаи бузурги худои баҳр - Посейдон (баландиаш 7 м) қад афрохта буд. Дар шафати сутунҳо силсилаи оинаҳои фуруҳамидаи биринҷӣ нури офтоб ва рӯшноии шамъҳои бузургро шабу рӯз акс намуда, ба дуродур, ба қавле то масофаи 60 км равона мекарданд. Қисме аз оинаҳо муҳаррик буда, нурро ба самти дилхоҳ мефиристоданд. Дар болои мино низ силсилаи оинаҳои офтобӣ насб шуда буд, ки тавассути он нурро ба киштиҳои душман равона карда, зери назорат мегирифтанд. Дар саҳни қабати дуюм ва сеюми бурҷ силсилаи муҷассамаҳои тиллоандудаи олиҳаҳо устувор буданд, ки яке самтҳои боди мухолиф ва ҳаракати амвоҷи баҳрро, дигаре самти ҳаракати офтобу моҳро нишон медод, сеюмӣ занги соати обиро ба гардиш меовард ва чорумӣ ҳар соат занг менавохт. Нохудои киштиҳо ба мино наздиктар омада, аз баҳр ба ҳолати муҷассамаҳо зеҳн мемонданд ва маълумоти бароишон заруриро оид ба вазъи боду ҳаво дармеёфтанд. Ва ҷои тааҷҷуб нест, ки дар бунёд намудани ин муҷассамаҳои муҳаррики шабеҳи одамӣ заковати даҳоёнаи Архимед, Герон, Атифил ва дигар дастпарварони Мусейон кор дода буд. Дар тахтасанги мармарини мино ҷумлаи зерин сабт шуда буд: "Сострат, писари Дексифони Книдӣ, ба шарафи худоёни наҷотбахш, ки баҳрнавардонро сарабонӣ кунанд".

Сострат бархилофи меъморон баробари бардоштани девори манора муаллақаи васеъ ва устувори пеҷоне сохт, ки ба сифати роҳ хизмат карда, борҳои гаронро тавассути он мекашонданд. Баъди анҷоми сохтмон ин муаллақаи пеҷон вазифаи зинаро адо мекард. Бурҷи Искандария қариб 18 аср барҷо буд ва барои ҷумлаи баҳрнавардони гуногунзабони олам бе ҳеҷ ҳарфу луғат чун роҳнамо хизмат мекард. Бо дасисаи қайсари Рум (Византия), ки сарзаминаш баъди Искандария дар баҳри Миёназамин мақоми дуюми баҳрнавардӣ дошт (ба қавле аз ҳароси оинаҳои офтобии рӯи мино, ки қодир буд киштиҳои ҳарбии душманро аз фосилаи дур оташ гиронад), халифаи ҳарис Валид бо умеди ёфтани хазинаи ниҳонии Искандари Мақдунӣ аз қабати деворҳои манора қисми бурҷро хароб мекунад. Ҳангоми рабудани оинаҳои нафис, муҷАССАМАҲОИ мураккабсохт ва хароб кардани қисми деворҳои бурҷ, ки шикасту вайрон шуд, оқибат халифаи ғӯл пай бурд, ки ба доми ҳарифи зираку дурандеш афтодааст. Вале баъди ин дубора барқарор кардани Бурҷи Искандария имкон надошт. Боқимондаҳои девори манора то асри 14 вайрону валангор меи- стод, ки харобаҳояш ҳамагӣ 30 м баландӣ дошт. Дертар ба ҷои бурҷ туркҳои усмонӣ қалъаи ҳарбӣ сохтанд, ки ҳоло қалъаи ҷазираи Фарос ба бошишгоҳи киштиҳои ҳарбии Миср табдил ёф- тааст.

Ҳамин тариқ Бурҷи Искандария охирин мӯъҷизаи бебадали олам аз асари кӯтоҳандешии чанд фарди худхоҳ ба боди фано рафт ва бозёфтҳои даҳоёнаи муҳандисону меъморони боргоҳи ил- мии Мусейонро абадӣ бурд.

Қалъаи Қойтбой – макони имрӯзаи бурҷи Искандария дар Миср.

пешина
аз 84