Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
Рафти сохтмони аҳромҳо.
Завраки хурде пеши киштии бузург аст. Баландии аҳром 146,6 метр, бари ҳар яке аз рӯяҳош 233 метр буда, давродавраш қариб 1 километр мебошад. Аҳром дар масоҳати 54 ҳазор метри мураббаъ мақом дорад. Вай аз тахтасангҳои бузурги сафедранге бино шудааст, ки вазни ҳар кадомаш ба 2,5-3 то 30 тонна мерасад. Муҳандисон шумурдаанд, ки барои бунёди аҳроми Хеопс дар маҷмӯъ 2,6 миллион тахтасангҳои хурду бузург сарф шудааст. Барои аз як ҷой ба ҷои дигар бурдани ин тахтасангҳо ба пиндори имрӯзиён камаш 20 ҳазор поезди боркаше лозим, ки ҳар кадомаш дорои сӣ қатор вагон бошад.
Тахтасангҳо бо низому таносуби хоса чунон моҳирона болои ҳам чида шудаанд, ки ҳатто дар байнашон сӯзан ҷой намегирад. Вазни умумии аҳром дар маҷмӯъ қариб ба 7 миллион тонна мерасад. Ҳар порасанги бузурги ин аҳром шоҳиди рехтани хуни ҳазорон ҳазор ғуломони мазлуму беҳуқуқ аст, ки умри худро дар зери бори тахтасангҳои бешумор хазон кардаанд.
Хеопс аз пешгузаштагони хеш дар золимию ситамгарӣ бартарӣ дошт. Ӯ дар дил орзуи сохтани маъбадеро мепарварид, ки дар саросари ҷаҳон назир надошта бошад. Бо ҳамин ният ҳангоми лашкаркашиҳо аз кишварҳои дуру наздик меъморону ҳунармандон ва устоҳову сангтарошонро гирд меовард.
Муаррихони Юнони бостон Ҳеродот ва Диодор дар ёди мардум чун ҳокимони худхоҳу золим мондани фиръавнҳоро тасвир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё