Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
«Мо аз он сабаб ғолиб омадем, ки беҳтарин одамон... қаҳрамонии бемислу монанд нишон доданд».
АТОЕВ
Пӯлод
(1923)
Соли 1943. Халқи Украинаи советӣ ҷабру зулми истилогарони немисро паси сар мекард. Аҳолӣ қисман ба дигар республикаҳои бародарии советӣ муҳоҷир шуда, қисман дар сарзамини худ бар зидди фашистони истилогар муборизаи беамон мебурд.
Гитлерчиён халқи советиро бераҳмона азобу шиканҷа медоданд. Дар боби азобу уқубати ҷонгузоди дар солҳои ҷанг кашидаи одамони советӣ китобҳои сершуморе ба табъ расиданд, ки онҳо аз ваҳшонияти фашизм бар халқи советӣ ва ҷонфидоию ватанпарастиҳои мардуми советӣ ҳикоят мекунанд. Инак, яке аз чунин китобҳоро варақ мезанем:
«Моҳи июни соли 1943 дар қишлоки Подворкин назди Харьков фашистон зиёда аз 3000 одами беяроқро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё