Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
парронданд. Онҳоро ба он айбдор намуданд, ки тарафдори аз нав барқарор шудани Советҳо мебошанд»1.
«Тобистони соли 1943,— мегӯяд сокини Запорожье Т. М. Гур,— ман бо чашмони худ дидам, ки фашистони ҷаллод 4 автомашина одамони бегуноҳро оварда, дар назди ҷари майдони машқи тирпарронӣ ташкил намуданд: калонсолонро парронданд, кӯдаконро зинда ба ҷарӣ тела дода, аз болояшон хок партофтанд... Бори дигар дида будам, ки он ҷаллодон як автомашинаи пур аз духтаронро ба ҳамон ҷарӣ оварда парронданд. Ин гуна ҳодисаҳо бешумор буданд» 2.
Хусусан тақдири асирони советӣ басо ҳузнангез буд. Онҳоро марги пуршиканҷа мунтазир буд. Вале бо ин ҳама фашистон мардуми советиро тарсонда натавонистанд. Аскарони Сурх, одамони советӣ мардонагию матонати беамсол нишон медоданд. Дар Украина баробари қатлу куштори одамони бегуноҳ, инчунин биноҳои саноатӣ, касалхонаҳо, мактабҳо ва хонаҳои истиқоматиро саросар оташ мезаданд. Чунин вазъи ҳузновар Армияи Сурх ва партизанҳои советиро водор менамуд ҳар чӣ зудтар пеши роҳи чунин ваҳшониятро гиранд.
Хароб гардидани шаҳрҳо, азобу шиканҷаи мардуми украин тоҷикписар, разведкачӣ Пӯлод Атоевро ба хашму ғазаб меовард. Ӯ бо тамоми ҳастӣ мекӯшид, ки аз фашистон ниқор гирад.
— Фармондеҳи полк огоҳ шуд, ки фашистон дар деҳаи Зелёная Поляна кӯпрукро таркоданиянд.— Ба ин набояд роҳ дод,— хулоса кард командири полк.
Гурӯҳи разведкачиён, ки миёни онҳо Пӯлод Атоев
1 «Украинская ССР в Великой Отечественной Войне Советского Союза», ч. 2, Киев, «Политиздат», 1975, саҳ. 130.
2 «Запорожская область в годы Великой Отечественной войны» (1941—1945 гг.). Маҷмӯаи ҳуҷҷатҳо. 1959, саҳ. 130.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё