Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
«Офарин, эй қаҳрамонони шарафноки
Ватан,
Халқҳои кишвари озоди пур
боғу чаман».
ҒОИБОВ
Алимурод
(1915—1985)
Зимистони қаҳратун. Хомӯшии ҳайратовар ҳукмфармо буд. Тарафҳо ба ҳуҷуми навбатӣ тайёрӣ медиданд. Фақат рӯзона баъзан садои артиллерия чунин хомӯширо халалдор мекард. Аён, ки тарафҳо омодагии томро таъмин кардан мехоҳанд...
Ин буд, ки командири дивизия гурӯҳи разведкачиёни корозмудро надамаш даъват кард. Онҳоро сержанти калони гвардия Алимурод Ғоибови тоҷикистонӣ сардор буд.
— Душман тайёрии ҳаматарафа мебинад, кулли аслиҳаи ҷангиро ҷамъ овардааст. Вале онҳо чӣ миқдоранд ва чӣ гуна мусаллаҳанд, нуқтаҳои оташфишонии онҳо дар кадом самтҳо ҷой гирифтаанд — ин ҳама барои мо норавшан аст,— фаҳмонд генерал.— Амалиёти чандинкаратай разведкачиёни қисмҳои ҳамсоя

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё