Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
натиҷае набахшида истодааст, «забон» дастгир кардан даркор. Ҳатман офицер бошад, — хулоса кард фармондеҳ. Байни мавқеи душман ва хатти пеши қисмҳои советӣ дашти ҳамвор буд. Аз ин рӯ, разведкачиён торикии шабро интизор шуданд. Шабона гаваккашон ба хатти мудофиаи душман наздик расида, ба кандани «паноҳгоҳ» шурӯъ карданд. Болояшро хаспуш карда, дидгоҳе низ сохтанд ва қарибии дамидани субҳ ба қисми хеш баргаштанд. Мақсад он буд ки оё фашистон рӯзона ба «паноҳгоҳ» оташ мекушоянд? Онҳо тире ҳам холӣ накарданд. Маълум, ки он аз мавқеи фашистон наменамояд. Шаби дуюм низ разведкачиён таҳти сарварии Алимурод Ғоибов сӯи «паноҳгоҳ» роҳ пеш гирифтанд. Ва рӯзро мунтазир шуданд. Оре, ғайри чашмдошт, амалиёт рӯзона, айни хӯроки нисфирӯзӣ сар шуд. Солдатҳо даруни окоп, чанд тан офицери фашист бошад, онсӯтар тановул доштанд. Маълум шуд, ки офицерон шароб нӯшида истодаанд. Яке аз офицерон сармаст аз давра хеста, поин омадан гирифт... Ин ҳамаро сардори гурӯҳ Алимурод тавассути дурбин мушоҳида кард: лаҳзаи олиҷаноб, бо як ишора разведкачиён ба ҷойҳои худ рафтанд. Онҳо сенафарӣ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда буданд. Гурӯҳи Алимурод номаълум ба фашисти сармаст наздик омаданд. Зарбаи кундоки автомат баланд гашт, офицерони фашист якбора ба худ омаданд, вале дер шуда буд. Разведкачиён аллакай «забон»-ро гаваккашон кашола карда, ба қисми хеш наздик расида буданд...
Оре, Алимурод Ғоибовро ба супоришҳои душвортарину муҳим мефиристоданд, зеро дар кори разведка ва «забондорӣ» таҷрибаи калон андӯхта буд. Аз рӯи маълумотҳои расмӣ ӯ беш аз чил маротиба ба ақибгоҳи душман рафта, бисёр «забон» дастгир кардааст. Тавассути Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР (шаҳри Подольск) варақаҳои мукофоти Алимурод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё