Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Ғоибов ба даст омад, ки аз ҷонбозиҳои бемисли фарзанди диловари тоҷик далолат мекунанд. Инак, дар яке аз он варақаҳо чунин сабт шудааст: Нишонгири якуми пулемёт Алимурод Ғоибов дар рафти муҳорибаҳои озод кардани деҳаи Нижняя Саниба аз 10-ум то 11-уми феврали соли 1942-юм 10 фашистро ба ҷаҳаннам фиристод.
9-10 декабри соли 1942 дар ҷангҳои назди станцияи Рассвет рафиқ Ғоибов бо пулемёташ ҳамлаи гурӯҳи ба ҳуҷум гузаштан аскарони моро дастгирӣ намуд. Ин дам душман ба ҳамлаи ҷавобӣ гузашт, вале Ғоибов ба он имкон надода, аз пулемёти худ 75 солдат ва як офицери немисро нобуд кард.
Мардонагию далериашро ӯ бори дигар ҳангоми муваққатан иҷро намудани вазифаи командири взводи пулемётчиён собит намуд.
Рафиқ Ғоибов ба мукофоти ҳукуматӣ арзанда аст1. Барои чунин корномаи арзандааш дар асоси тавсияи командири батальони 3-юми махсуси тирандозӣ капитан Якимада бо фармони Армияи 18-ум аз 12-уми апрели соли 1944 Алимурод Ғоибов бо ордени Байрақи Сурх тақдир карда мешавад. Алимурод Ғоибов ба 6 ордени ҷангӣ, 7 медаль, 12 раҳматномаи сарфармондеҳони мушарраф шудааст.
Алимурод чӣ будани ҷанги хонумонсӯзро ҳанӯз то оғози ҷанги зидди фашизм медонист. Вай дар ҷанги зидди Финляндия низ иштирок кардааст. Соли 1941 вай аллакай 26-сола буд. Ҳамчун аъзои фаъоли колхоз дар сохтмони ҳаёти нав ҳаддалимкон саҳм гузошт. Ба ҷанги зидди гитлерчиён ихтиёрӣ меравад.
Аввал нишонгири пулемёт буд, сонитар командири отделенияи пулемётчиён таъин шуд, соний разведкачӣ
1 Архивиси марказии Вазорати Мудофияи СССР, ф. 33, р. 630306, д. 688, в. 253 — 254.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё