Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
— Одамони худӣ, — оромона ба лафзи немисӣ ҷавоб гардонд командири разведкачиён.
...Ин дам Атоев аз қафо палангвор худро болои фашисти навбатдор партофт ва бо як зарбаи корд ӯро ҳалок кард...
Кӯпрук ба даст даромад. Қисмҳои пешгарди мо аллакай тавассути он ба соҳили дигар гузашта, ба фашистон наздиктар расиданд.
Дар ин комёбӣ ҳиссаи фиристодаи Хуҷанди бостонӣ Пӯлод Атоев низ калон буд. Пӯлоди ҷавон пеш аз ба фронт рафтанаш дар матбааи шаҳри Ленинобод ҳуруфчин шуда кор мекард. Аз чӣ бошад, ҳангоми чидани ахбори Бюрои информационии советӣ оид ба вазъи фронти Иттифоқи Советию Германия дилаш сахт ба тапиш медаромад.
Мехост ҳар чӣ зудтар ба фронт равад, ниқор гирад. Вале ҳар дафъа бо ин ё он сабаб ӯро ба фронт намефиристоданд. Ниҳоят, тобистони соли 1942 ӯ ихтиёрӣ роҳи фронтро пеш гирифт.
Хушҳолию чолокиаш буд магар, ки ӯро ба гурӯҳи разведкачиён муносиб донистанд. Аз рӯзҳои аввал ҷасорат нишон дод...
...16 декабри соли 1943. Гурӯҳи разведкачиён бо сардории Атоев дар ниҳояти эҳтиёткорӣ ба қисми пеши мавқеи мудофиаи душман расиданд. Ин дам душман инро пайхас кард. Пулемёти фашистӣ беист сӯи разведкачиёни советӣ оташ мекушод ва ба нафас рост кардан имкон намедод. Вале ӯ ҳаросон нашуд. Гранатаро бароварда ба сӯи нуқтаи оташфишони душман ҳаво дод. Пулемёт хомӯш шуд ва се гитлерчӣ болои ҳам афтоданд.
Дар натиҷа ба дигарон роҳ кушода шуд. Қӯшунҳои советӣ ба ҳуҷум гузаштанд. Он рӯз Пӯлод Атоев як нафар офицер ва як солдати советиро то ба пункти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё