Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

санитарӣ расонд. Дар ин муҳориба қисмҳои советӣ ғалабаи калон ба даст оварданд. Фарзанди диловари тоҷик Пӯлод Атоев барои мардонангию фидокориаш 28 декабри соли 1943 бо ордени Шараф дараҷаи III мукофотонида шуд1.

Пӯлод Атоев аз рӯзҳои аввал намунаи ибрати ҳамярокон буд. Ӯ аз разведкачии қаторӣ то ба дараҷаи командири гурӯҳи разведкачиён расид, рутбаи старшинаи гвардияро соҳиб гашт. Вай дар ҳар маврид дар ватандӯстию оштинопазирӣ нисбат ба душмани ғаддор намунаи ибрат буд.

Саҳми Пӯлод Атоев дар озод кардани вилояти Кировоград басо калон аст. Кировоград тирамоҳи соли 1943 ба майдони ҳарбу зарби хунин табдил ёфта буд.

«Фронти 1-ум ва 2-юми Украина дар амалиётҳои ҳарбии самти Кировоград ва Кривой Рог ба муваффақиятҳои ҷиддӣ ноил гашта бошад ҳам, шаҳри Кировоград ва Кривой Рог алҳол дар дасти душман буд. Сабаб он буд, ки фашистон дар ин ҷо қӯвваҳои зиёдеро ҷамъ оварда, сахт муқобилат мекарданд. Бо вуҷуди он ҳуҷумҳои пайдарҳами қӯшунҳои фронти 2-юм ва 3-юми Украина фармондеҳии гитлериро маҷбур кард, ки ба райони Черкасс, Кировоград ва Кривой Рог боз се дивизия (танкӣ, пиёдагард ва моторонидашуда)-ро аз наздикии Киев ва ду дивизияи танкиро аз поёноби Днепр равона созад... Ба фронти Степной лозим омад, ки барои ишғол намудани Днепр ва плацдармҳои назди соҳил муҳорибаҳои шадиди дуру дарозро аз сар гузаронад...

Диловарию шуҷоати бемисли аскарони советӣ ва муҳаббати онҳо ба Ватани социалистӣ аз тарафи партия ва ҳукумат тақдир карда шуд. Даҳҳо ҳазероска-

1 Архивни марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, д. 690155, д. 519, в. 106.

пешина
аз 139
навбатӣ