Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

воситаи Карпат, Алп, Ҳингани калон беназир аст. Пӯлод то охири ҷанг чун разведкачии ҷасуру моҳир амал мекард.

Бояд гуфт, ки натиҷаҳои ҳар як муҳорибан дарпешистода сараввал ба Пӯлод барин разведкачиёни нотарс вобаста буд. Пӯлод Атоев хавфу хатари пешаи ҳарбии разведкачиро шунида бошад ҳам, худ ихтиёран талаб карда буд, ки ӯро ба кори разведка гузаронанд. Ӯро шӯхюмез «шикорчии моҳири забонҳо» ном мебур-данд. Дар тӯли чор соли пурҳарбузарб ӯ «забонҳо» бешумор дастгир кардааст. Маҳз тавассути чунин «за-бонҳо» нақшаи ҳуҷумҳои фашистон ошкор мегаштанд... Дар яке аз варақаҳои мукофоти ӯ чунин навишта шу-дааст:

«27-уми марти соли 1944. Деҳаи Богжанов, вилояти Одесса. Душман паноҳгоҳеро барои ақибнишинии қув-ваҳои асосии худ махфӣ медошт. Шаш нафар разведкачиён бо сардорин Атоев қӯшуни ақибнишинии кардаи душманро назоракунон ба паноҳгоҳи махфӣ афтодани худро надониста монданд. Разведкачиён наҳароси-данд ва худро ба даст гирифтанд. Онҳо гаваккашон ба блиндажи душман наздик расиданд ва бо граната се пулемӯти душманро аз кор бароварда, 10 гитлерчи-ро ба ҳалокат расонданд ва 6 нафарро асир гириф-танд.

Худи ҳамон рӯз Атоев бо шаш нафар разведкачӣ ба деҳаи Новосёловка, ки онро гитлерчиён ишғол карда буданд, расид. Онҳо бо оташи пулемӯт 300 нафар фашистонро ба ҷаҳаннам фиристода, 4 нафарро асир гирифтанд. Разведкачиён то омадани қисмҳои советӣ деҳаро муҳофизат карданд.

Барои чунин корнамоиҳои бемислаш Пӯлод Атоев бо тавсияи командири рораи махсуси разведка капитан Михайлов бо Укази Президиуми Совети Олии СССР

пешина
аз 139
навбатӣ