Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
рони советӣ бо ордену медальҳо мукофотонида шуданд. 2488 нафар ҷанговарон ва командирон ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ соҳиб гаштанд1.
Дар ин муҳорибаҳо боре ба Пӯлод Атоев чунин воқеа рӯй дод. «Моҳи феврали соли 1944. Деҳаи Котовкаи вилояти Кировоград. Атоев ҳамроҳи Лукьянов мебоист қисми пеши мудофиаи душманро назорат менамуд ва «забон» ба даст меовард. Ин дам Атоев дар зери пардаи туман, чанд қадам дуртар блиндажи немисҳоро дид. Дар як он нақшаи амалиётро кашида ба блиндаж хаваккашон расиданд.
— Ана, фашист меояд,— пичиррос зад ӯ ва худро паси хоктӯда паноҳ кард. Немис тамоман наздик расид. Ин лаҳза Атоев ба фашисти навбатдор палангвор ҳамла овард. «Забон» ба даст омад...
Ин дам Атоев ҳис намуд, ки чанд нафар фашистон наздик меоянд. Ӯ худро паноҳ карда, наздик расидани онҳоро мунтазир гашт. Худро болои як нафари онҳо партофт... ду нафари дигар бошанд роҳи гурезро пеш гирифтанд. Ин лаҳза Лукьянов аз паси онҳо афтод ва якеро ҳадафи тир карда, дигареро асир гирифт. Он шаб разведкачиён Атоев ва Лукьянов бо се «забон» ба қисм баргаштанд.
Асирон маълумоти басо зарур доданд. Атоев барои чунин фидокориаш бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонда шуд 2.
Пӯлод Атоев то интиҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саф буд. Ӯ дар муҳорибаҳои шадиди Дони Шимолӣ, Днепр, Днестр, Бугаи Ҷанубӣ, Прут, Дунай иштироки фаъолона дошт. Саҳми ӯ дар гузаштани армияи мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё