Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Дар ин ҷангҳо саҳми командири гурӯҳи разведкачиён, старшинаи гвардия Пӯлод Атоев калон буд. Ӯ дар ҳар як амалиёт дар сафи пеш мерафт, ҷосорату матонат нишон медод.
Бояд гуфт, ки Пӯлод Атоев дар фронти 2-юми Украина нахустин касе буд, ки бо ҳар се дараҷаи ордени Шараф сарфароз гаштааст. Фармондеҳи фронт, Маршали Иттифоқи Советӣ Толбухин дараҷаи I-уми ин орденро худ шахсан супурда, дар ҳаққи ӯ, дар ҳаққи халқи баҳодури тоҷик суханҳои нек гуфта буд.
Пас аз торумори фашизм ҷанг дар Европа поён ёфт. Вале алангаи ҷанг дар Шарқ фурӯзон буд. Ҷанги зидди Японияи милитаристӣ идомаи ҷанги дуюми ҷаҳон буд. Аскарони Советӣ дар торумори Япония низ фаъолона иштирок доштанд. Японияи империалистӣ танҳо 2 сентябри соли 1945 ба Акти бечунучаро таслимшавӣ имзо гузошт, ки ин итмоми ҷанги дуюми ҷаҳон буд.
Пӯлод Атоев бо ҳамроҳии ҳамяроконаш дар торумори Японияи милитаристӣ низ фаъолона иштирок дошт.
Ҳамин тариқ, тоҷикписари диловар ҷанги зидди фашизм ва милитаристони Японияро бо пирӯзӣ ба итмом расонда, бо сари баланд ба зодгоҳаш баргашт.
Хуҷанди бостонӣ фиристодаи хешро хуб истиқбол намуд. Дере нагузашта Пӯлод Атоев ба фаъолияти меҳнатӣ камар баст. Вай дар ҷабҳаи меҳнат низ обрӯю эътибор пайдо кард. Соли 1959 шӯъбаи ғоибонаи Институти педагогии Ленинободро тамом кард. Алҳол Пӯлод Атоев мудири шӯъбаи ленинободии Институти республикавии ахбори илмию техникӣ ва пропагандаи назди Госплани республика мебошад. Вай баробари меҳнати пурмаҳсул пайваста миёни мактабиёну меҳнаткашон тарғиботи ватандӯстӣ мебарад1.
1 Архиви марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 1743, р. 1, д. 3.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё