Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

«Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бартарии илму санъати ҳарбии советӣ, пояи баланди роҳбарии стратегӣ ва маҳорати баланди сарбозони советиро намоиш дод».

ГЛУШКОВ
Иван Михайлович
(1910—1984)

Соли 1941. Моҳи дуюм буд, ки алангҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯз аз рӯз авҷ мегирифт. Дар яке аз чунин рӯзҳои пуртаҳлука тракторчии совхози «Вахш»-и ноҳияи Қӯрғонтеппа Иван Глушков ба хизмати Ватанмодар даъват мешавад. Ӯ чанд муддат дар ҳайати дивизиони полки эҳтиётии 44-ум, ки дар шаҳри Алмаато ҷойгир буд, хизмат мекунад1.

Дар полки эҳтиётӣ Иван Михайлович нозукиҳои артиллерияро ба хубӣ омӯхт ва соҳиби шаҳодатномаи командири тӯп шуд.

Дере нагузашта вай ба ҳайати полки 1174-уми артиллерияи зиддитанкӣ дохил шуда, то интиҳои ҷанги зидди фашизм чун командири тӯп ба туҳми гитлерчиён қирон овард.

1 Архиви марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 1691, р.
1, д. 77.

пешина
аз 139
навбатӣ