Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Иван Михайловичро ҳанӯз ибтидои ҷанг чун ҷанговари далеру шуҷоъ эътироф намуда, эҳтиромаш мекарданд. Ӯ интизоми қатъиро гарави ҳама гуна пирӯзиҳо медонист ва аз тобеонаш низ боинтизом буданро талаб менамуд.

Дар ҷангҳо барои шаҳрҳои Миллеров, Ворошиловград, Харьков ва дигар шаҳрҳои Украина Глушков намунаи фидокорию матонат нишон дод. Ӯ бо тӯпи худ устуворона зарбаи ҷавобӣ мегардонд, ҳамяроқонро ба қаҳрамониҳо ҳидоят менамуд.

Иван Михайлович далеру шуҷоъ буд, аз ҳеҷ чиз, ҳатто аз ҳаракати пурдаҳшати «шоҳпаланг»-ҳои немис тарсу ҳарос надошт. Зеро тамоми ҳастии ӯро кинаю адоват нисбат ба фашизм фаро гирифта буд.

Фармондеҳи батарея, лейтенанти калон Негзоров ба корнамоиҳои Глушков таҳсину офаринҳо хонда, ӯро намунаи ибрат медонист.

Командири тӯп Глушков дар озод кардани шаҳрҳои Кубань, сониян дар озод намудани Крим фаъолона иштирок менамояд.

Боре ба ҷанги навбатӣ тайёрӣ медиданд. Лейтенанти калон Негзоров фармон дод, ки ба ҳаракати қӯшун тайёрӣ дида шавад. Барои ин 15 дақиқа мӯҳлат дода шуд. Негзоров ба соаташ нигоҳ карда, сӯи тӯпчиён назар карда пай бурд, ки қабл аз ҳама тӯпи Глушков омодаи ҳарбу зарб аст. Командир ба блокноташ чизе қайд кард.

Ин дам ногаҳон танкҳои фашистон пайдо шуданд. Колоннаи танкҳои душман торафт наздиктар мерасид. Нишонгири тӯп сержанти хурд Смохтин ва аскари қатори Доронин ба мили тӯп тир ҷой карданд. Ҳама интизори фармон буданд. Командири батарея бо овози баланд фармон дод: бигузор танкҳои душман наздиктар оянд, баъд ҳар кадоми шумо метавонед мустақилона оташ кушоед!

пешина
аз 139
навбатӣ