Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Саҳми Григорян дар озод намудани шаҳру деҳоти Украина калон аст. Ҳамин аст, ки ӯро то ҳол тез-тез ба сарзамини Украина ба вохӯрию мулоқот даъват менамоянд.

Ҳуҷҷати дигари архив аз боби далерию шуҷоати сарбози Ватан ин тавр ҳикоят мекунад: «Дар муҳорибаҳои шиддатнок 5-уми апрели соли 1944 Григорян Григорий Аванесович якумин шуда ба деҳаи Хароз-Багр (Венгрия) зада даромад ва бо оташи пулемёти худ дар сафи душман бесарусомонӣ ба вуҷуд овард. Дар натиҷа ӯ 9 гитлерчиро аз мошини зиреҳпӯш ҷудо карда, асир гирифт»1.

Ӯ барои чунин ҷасурию далерӣ бо фармони фармондеҳи Армияи 4-уми гвардия бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонда мешавад.

Ҳамин тариқ, фарзанди диловари советӣ Григорий Григорян соҳиби ду дараҷаи ордени олии солдату сержантҳои советӣ — ордени Шараф мегардад.

«Қадршиносии партия ва ҳукумат, — навиштааст вай дар хотираҳояш, — маро рӯҳбаланд менамуданд. Дар ҷавоби он ман тайёр будам, ки дар роҳи ҳифзи Ватан — модар ҷони хешро фидо намоям...»

Дар варақаи дигари мукофоти қаҳрамон сатрҳои зайл сабт ёфтаанд: «Григорян Григорий Аванесович 8 маи соли 1945 дар озод намудани пункти аҳолинишини Гестлин (Австрия) фаъолона иштирок дошт. Пиёдақӯшуни душман пеши роҳи ҳуҷуми қӯшунҳои моро гирифтаний шуда, аз пулемёту миномётҳо паи ҳам оташ мекушоданд. Григорян зуд аз рӯи тактикаи ҳарбӣ амал карда, бо оташи миномёташ сафи кӯшуни пиёдаи душманро пароканда намуд. Дар натиҷа ӯ 7 гитлерчиро ба ҳалокат расонда, 22 нафар солдат ва як офицери

1 Архиваи марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690306, д. 1165, в. 230.

пешина
аз 139
навбатӣ