Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
немисро асир гирифт ва ба пешравии қӯшунҳои пиёда-гарди мо ва иҷрои вазифаи ҳарбии қисм ёрӣ расонд»1.
Ин буд, ки Президиуми Совети Олии СССР ӯро барои амалиёти моҳирона ва ҷасораташ бо ордени тиллои Шараф дараҷаи I тақдир намуд ва ӯ дар қатори сарбозони беҳтарини Армияи Сурх 24 июни соли 1945 дар шаҳри Москва дар паради Ғалаба иштирок кард.
Ҳамин тавр, фарзанди ҷасури советӣ Григорий Аванесович тавассути диловарию мардонагиаш сазовори ҳар се дараҷаи ордени Шараф гардид. Ӯ пас аз итмоми ҷанги зидди фашизм боз чанд муддат чун сарбози моҳиру пурдон дар сафи Армияи Советӣ хизмат кард ва танҳо соли 1947, пас аз адои хизмати арзанда Тоҷикистонро ҷои истиқомат ихтиёр намуд. Ӯ солҳои зиёд дар корхонаю муассисаҳои мухталифи шаҳри Душанбе кор кард. Ҳоло бошад, вай сарфи назар аз пиронсолаш, бо мактабиёну меҳнаткашони тоҷик тез-тез ҳамсӯҳбат шуда, аз боби ватандӯстию диловариҳои аскарони советӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикоят менамояд.
1 Архивни марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 564521, д. 174, в. 188.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё