Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
бо гузашти айём зардгаштан давраи ҷанг, ки дар альбоми шахсиаш батартиб ҷой дода шудаанд, аз шуҷоату далерии ин сарбози Армияи Сурх далолат мекунанд. Мо низ, дар навбати худ, ба ӯ гуфтем, ки аз Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР тавсияномаҳои фармондеҳонро, ки дар асоси онҳо ӯ бо дараҷаи III, II ва I-уми ордени Шараф мукофотонида шудааст, пайдо кардем. Вай ба ҳаяҷон омад ва ҳуҷҷатҳои архивиро бо эҳтиёти тамоми, бодиққат хонда баромад ва ба мо миннатдории самими баён кард.
Бо камоли боварӣ метавон Исраэлян Георгий Аванесовичро чун ҷанговари шуҷои советӣ ном бурд. Вай дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштироки фаъолона дошта, бо ордени Ситораи Сурх, ордени Байраки Сурх, се дараҷаи ордени Шараф, медали «Барои хизматҳои ҷангӣ» мушарраф гардидааст. Мо аз ӯ хоҳиш намудем, ки дар бораи ягон лаҳзаи фаъолияти ҷангии хеш ҳикоя кунад. Ӯ лаҳзае сукут карду ба гап даромад: аввалҳои моҳи июли соли 1941 буд. Фашистони истилогари девонавор ҳуҷум мекарданд. Таносуби қувваҳо нобаробар буд. Дивизияи мо ноилоҷ ба сӯи Шарқ ақибнишинӣ мекард. Дар наздикии Псков-Остров фашистон қувваҳои сершумори механиконидаи худро ҷамъ оварда ба Ленинград ҳуҷум кардани буданд. Мо, сапёру разведкачиҳо, супориш гирифтем, ки кӯпрукҳоро тарконда сони ақиб гардем. Супориш басо хавфнок буд. Фашистон ҳам аз ҷиҳати қӯшун ва ҳам аз ҷиҳати яроқу аслиҳа ва техника бартарини комил доштанд.
Дар китоби шашҷилдаи «Ҷанги Бузурги Ватании Иттифоқи Советӣ» дар бораи вазъияти Псков дар ин рӯзҳо чунин навишта шудааст: «Бо мақсади нигоҳ доштани ҳаракати қӯшунҳои немис дар Псков фармондеҳии советӣ ба батальони 50-уми инженерӣ супориш дод, ки ҳамаи кӯпрукҳоро тарконанд. Нисфирӯзии 8

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё