Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
июл сапёрҳои советӣ аз 8 кӯпруки мавҷуда 7-тоашро тарконданд».
Яке аз ин кӯрукҳоро отделенияи Исраэлян таркондааст.
Георгий Аванесович суханашро давом дода, гуфт: «Мо дар чанд ҷои кӯпрук мина хобонда, худ каме дуртар камин гирифтем. Ин дам аз дур мошинҳои пурбор бо фашистони зиёд намудор шуданд. Чанд мошини фашистон болои кӯпрук ҳаракат доштанд ва ин лаҳза садои таркиш баланд шуду мошинҳо ба об сарозер шуданд. Фашистони он сӯи соҳил ба ваҳму ҳарос афтода ба чор тараф медавиданд. Мо аз ин истифода карда, онҳоро тирборон карда, пас гаштем...»
Барои ин корнамоӣ отделенияи ӯ ба мукофотҳои ҳукуматӣ пешбарӣ шуд. Георгий Аванесович бошад, бо мукофоти нахустин — медали «Барои хизматҳои ҷангӣ» тақдир карда шуд.
Ин роҳмарди наҷиб, сапёру разведкачии моҳир аз касби ҳарбии пуршараф, вале пурхатари худ ифтихор дошт. Ӯ дар давоми ҷанг садҳо минаи фашистонро безарар гардонда, ба подразделенияи худ роҳ кушодааст ва чандин мина хобонда, техникаю қӯшуни пиёдаи немисро нобуд кардааст. Равшан ва аён аст, ки безарар гардондани минаи душман чӣ хавфу хатаре дорад, маҳорат ва ҷустучолокӣ металабад. Андак саҳву иштибоҳ ва ё таҳаммул истиқболи марг асту бас. Ҳангоми сӯҳбат ӯ хандида мегӯяд: «сапёру монтёр ҳамекунад хато як бор».
Инак, яке аз варақаҳои мукофоти ӯро варақ мезанем: «Рафиқ Исраэлян аз ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муҳорибаҳои шадиди зидди фашистони истилогар иштирок дошта, худро ҳамчун сарбози ҷасуру бебоки Армияи Сурх нишон дод, ки дар роҳи ғалаба бар душман тарсу ҳарос надорад.
Шаби 7 ноябри соли 1943 ӯ разведкаи техникии бурда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё