Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

якумин шуда, бо гурӯҳи сапёрҳои худ ба хати мудофиаи душман зада даромад ва хандаки душманро гранатаборон кард. Дар задухӯрди кӯтоҳмуддат гурӯҳи Исраэлян ду блиндажро хароб ва як миномётро нобуд сохта, 15 солдати немисро ҳалок гардонд ва як пулемети дастии душманро ғанимат гирифт. Баъди иҷрои супориши ҳарбӣ ба қисми худ баргашт.

Исраэлян барои ҷасорати шахсиаш дар задухӯрдҳои шадид бо фашистони истилогар ба мукофоти ҳукуматӣ сазовор аст»1.

17 ноябри соли 1943 бо тавсияи фармондеҳи полки 140-уми тирандозии дивизияи 182-юми тирандозӣ полковник Кратов Исраэлян Григорий Аванесович дар Армияи Сурх аввалин шуда, бо ордени Шараф дараҷаи III сарфароз гардонда мешавад.

Ҳамин тариқ, пас аз 9 рӯзи таъсиси ордени Шараф нахустин дорандаи он — Исраэлян Григорий Аванесович мегардад. Ин мужда барқвор дар саросари фронт, Ватани паҳновар овоза мешавад. Дар ин бора рӯзномаю маҷаллаҳои марказӣ мақолаҳо дарҷ мекунанд. Саруправленияи сиёсии Армияи Сурх варақаи махсус нашр карда, сарбозони советиро дар мисоли Исраэлян ба далерию шуҷоат ҳидоят менамуд. Дар варақа сатрҳои зер сабт ёфта буданд: «...Исраэлян ҳамчун фарзанди вафодори халқ супориши Ватан, қасами ҳарбиро ӯҳдабароёна баҷо меорад. Фашистони истилогар — гитлерчиёни аҳдшикан аз дасти ӯ амон надоранд. Рафиқ, сарбози сурх, ту ҳам метавонӣ чун сержант Исраэлян ҷасуру нотарс, донандаи моҳири кори ҳарбӣ бошӣ. Душманро моҳирона ва нотарсона мебояд кӯфт. Ватан туро ба чунин корнамоӣ даъват менамояд.

1 Архивни марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 686044, д. 536, в. 314.

пешина
аз 139
навбатӣ