Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

«Ба майдон дар сафи
ҷанговарони қаҳрамон рафтӣ,
Даруни оташу хун зидди хасми
беамон рафтӣ».

МӮСОЕВ
Абдулло
(1922)

Қарибии бегоҳ мо ба шаҳри бостонии Кӯлоб расидем. Дар меҳмонхонаи хуштарҳи Кӯлоб ҷой гирифта, аз атрофиён дар бораи Мӯсоев Абдулло пурсон шудем. Маълум шуд, ки қариб ҳама ӯро хуб мешинохтаанд.

Рӯзи дигар мо бо Абдулло Мӯсоев — дорандаи се дараҷаи ордени ҷангии Шараф вохӯрдем.

Марди чорпаҳлӯи қавирӯҳе будааст ӯ. Моро хуш истиқбол кард. Дар кабинети кориаш сӯҳбати мо хеле тафсид.

«— Бародаронам Муродалӣ ва Алӣ дар фронт буданд,— гуфт Абдулло Мӯсоев.— Ман чандин бор ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат карда, хоҳиш намудам, ки маро низ ба ҷанг фиристанд, вале ҳар дафъа рад мекарданд.

Билохира ба назди раиси комиҷроияи ноҳия Бобо

пешина
аз 139
навбатӣ