Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Ҷумла ёддошти падарашро ба Архиви давлатии марказӣ супурд1.
Моҳи апрели соли 1942 колхозчии оддии колхози ба номи Чапаеви ноҳияи Ӯротеппа Раҳим Раҳмонов ба сафи Армияи Советӣ даъват мешавад. Ӯ чанд муддат дар курси миномётчиён мехонад ва баъд миномётчии ротаи миномётчиёни дивизияи 350-ум таъин мегардад.
Аз рӯзҳои аввали хизмат ӯ намунаи диловарию мардонагӣ нишон дода, чун сарбози бебоки Ватан ном мебарорад. Дертар вай командири расчёти миномётчиёни ротаи миномётӣ таъин мегардад. Ин донишу маҳорати ҷангии ӯро дучанд мегардонад. Оид ба корнамоиҳои Раҳим Раҳмонов чунин оварда шудааст:
Барои аэропорти шаҳри Воронеж ҷанги хунине ба вуқӯъ пайваст. Душман девонавор муқобилат карда, аз тамоми яроқу аслиҳаи оташфишон истифода мекард. Ротаи миномётӣ, ки Раҳим Раҳмонов дар ҳайати он меҷангид, аэропортро мудофиа мекард. Талафоти миномётчиёни советӣ басо калон буд. Тиру туфанг намерасид. Вале ҷанговарон муборизаро давом медоданд. Командири рота сахт захмдор мегардад. Раҳим Раҳмонов вазифаи командириро ба зимма мегирад. Муҳорибаи хунин се шабонарӯз давом мекунад. Миномётчиёни советӣ 10 мошини зиреҳпӯши фашистиро нобуд месозанд. Раҳмонов шахсан 2 мошини зиреҳпӯшро аз кор мебарорад. Вале бо вуҷуди он душман девонавор ҳуҷум мекард. Аз 50 нафар миномётчиёни мо танҳо 12 нафар зинда монда буданду халос. Бо вуҷуди он мардона меҷангиданд.
Ин дам қӯшунҳои советӣ ба ёрии миномётчиён расиданд. Душман ноилоҷ аз аэропорт қафо гашт.
Қисми Раҳим Раҳмонов дар озод намудани шаҳри
1 Архиви марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 1691, р. 2, д. 53.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё