Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Сабаб он буд, ки фашистони ҷаллод ба сари мардуми бегуноҳи поляк аз ибтидо то интиҳои ҷанги ҷаҳонӣ кулфату бадбахтиҳои бешуморе оварда, пойтахти Польша — Варшаваро басо хароб карда буданд. Дар ин бора чунин қайд шудааст: «Аз Варшаваи гул-гулшукуфон — яке аз шаҳрҳои зеботарини Европа осоре намонда буд. Дар рӯзҳои озод кардани он ҳамагӣ чандсад нафар полякҳо монда буданду халос, ки онҳо ҳам дар хонаҳои зеризаминию қубурҳои канализатсия паноҳ бурда буданд. Бештар аз 600 ҳазор сокинони Варшава дар таҳхонаҳои лагери консентратсионии Прушков азият мекашиданд» 1.
Оре, фашистони истилогари золимони бешафқат, мардумозору ишратпараст буданд. Ин буд, ки мардуми Польша ба фашистони Германия нафрати бепоён дошт. Ғалабаҳои қӯшунҳои советӣ ба онҳо умед мебахшид. «...Онҳо бо чашмони худ итмоми зафаровари ҷанг, барҳам хӯрдани хавфу таҳдиди бемисли фашизмро ҳис мекарданд. Хӯб мефаҳмиданд, ки мардонагӣ ва қаҳрамониҳои халқи советӣ ва Армияи Сурхи он ба наздик расидани тантанаи қувваҳои демократӣ кафолат медиҳад» 2.
Ин марди диловар аз он ки дар озод кардани Польша, ҳамчун гражданини советӣ, ӯ ҳам ҳиссаи хоксоронаи худро дорад, аз тақдиру иқболи баланди хеш мефаҳрид. Ӯ хуб мефаҳмид, ки ҳамаи ин тавассути дӯстии мустаҳками халқҳои СССР ба даст омадааст. «Ман ҳамчун коммунист бояд ҳамеша дар сафи пеш бошам» — мегуфт ӯ.
Оид ба корнамоиҳои Раҳим Раҳмонов ҳангоми гузаштани дарёи Висла чунин қайд шудааст. «Ҳангоми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё